МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҷавонон ҳамеша бар зидди терроризм ва экстремизм

Ҷавонон ҳамеша бар зидди терроризм ва экстремизм

Ба Ҳамагон маълум аст,ки дар марҳалаи рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст, ки ин масъала дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат дарҷ гардид ва таъкид карданд, ки ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокин, хусусан, ҷавонони кишвар ба шумор меравад. Мутаассифона дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилиҳои муайяне мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза бар зидди чунин зуҳуротҳо ба монанди терроризму экстремизм, ба зарурияти воқеӣ табдил ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ гурӯҳҳои ифротии терористиву экстремистӣ имрӯзҳо аз нерӯи ҷавонон васеъ истифода бурда истодаанд, ки ин ниҳоят як зарбаи ҷонкоҳ ба рушди ҳаёти осоиштаи ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мезанад. Яке аз омилҳои асосии ба доми гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани ҷавонон, надоштани дониши диниву дунявӣ ва паст будани мафкураи сиёсии онҳо мебошад. Зеро ифротиён дар ниқоби дини мубини Ислом барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ тамоми роҳу усул ва воситаҳоро истифода бурда истодаанд. Дар ин ҷода мо ҷавонон бояд зиракии сиёсӣ ва ҳуввияти баланди ифтихор аз гузаштаи хешро аз даст надода аз ин тазодҳо эмин нигоҳ дорем. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз дастархони мардуми тоҷик пур аз нозу неъмат фаровон асту кабутари сулҳу субот дар авҷи парвозҳои баланд, зери робарии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пас месозад, ки мо ҷавонон ҳамчун муҳофизони дастовардҳои бузурги миллӣ дар паҳлӯи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор гирифта, шоистаи таҳсин ва сазовори боварии Пешвои муаззами миллат бошем.

 

Муаллифи  маҳфили «Пайравони Пешвои миллат дар назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ Неъматзода  Сорбон

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-01-2020, 10:14:55 | Диданд: 373