ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6211]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4414]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4384]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 65380
Терроризм ба мо-бегона

Терроризм ва гурӯҳҳои радикалӣ дар таърихи инсоният ба давраҳои хеле қадим зуҳур намуда, дар шаклу намудҳои мухталиф фаъолият менамоянд ва дар ҳамаи ин марҳилаҳо мақсадашон ноором сохтани ҷомеа буд. Аз нигоҳи коршиносон баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ба ду лагер ҷудо шудани шаклҳои гуногун фаъолияти ин гурӯҳҳои ифродӣ хеле авҷ гирифт. Чун ҷомеаи ҷаҳонӣ пешрафт, дастгоҳҳои таблиғотӣ рушд намуд. Терроризм дар шаклҳои гуногун ва бо ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ фаъол гаштанд. Имрӯзҳо ифродгароиҳои динӣ дар мамлакатҳои шарқ чун Афғонистон, Ироқ Шом, Филлипин хеле авҷ гирифтааст,ки оқибати фоҷиабори онро мо хуб дида истодаем. Барои мисол ба таърихи 40 соли охири Афғонистон ба мо ҳамсоя менигарем, ки ин кишвар аз дасти гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ ба чӣ ҳоли табоҳӣ расидааст. Давлати мо дар марҳалаи нави ҷомеасозӣ гом мезанад ва ҳадафаш муҳайё намудани ҷомеаи солимӣ демократист, ки мо марҳала ба марҳала ноил шуда истодаем. Пешравии ҳаёти ҷомеаи кишвари сулҳу суботи он ва фазои ҳамдигарфаҳмии имрӯзаи мо гурӯҳҳои мухолифинро имрӯзҳо хориҷ аз кишвар зиндагӣ доранд, ором намегузоранду бо ҳар баҳона дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мо буҳтон мезананд. Вале чӣ суд аз ин имрӯз, ки мардум миёни баду нек, кӣ дӯсту кӣ душман фарқ мегузоранду фирефтаи таблиғоти дурӯгине намешаванд. .
Дар фароварди сухан ҳамаи маруми кишварро ба ободкорию созандагӣ даъват менамоям. Мо бояд дар ин замони пурмоҷаро худшиносии миллиамонро инкишоф диҳем, хештаншинос бошад. Ин ватанро дӯст дорему ободаш намоем.
Рустам Солеҳов – Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-01-2020, 06:45:15 | Диданд: 449