МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Номуси ватандорӣ

Номуси ватандорӣ

Дар ин ҷаҳони пуртазоду зудтаъғирёбанда умедатгари рисолати ҳар як фард ин худогоҳию хештаншиносӣ ва дӯст доштан Ватани миллати хеш мебошад. Аз ин рӯ тамоми давлатҳои рушд намудан ҷаҳон дар ин боб гомҳои устуворе ба пеш гузоштаанд. Албатта дар чунин давлате, ки шаҳрвандони онҳо дорои маданияти баланди шаҳвандманду мақоми рисолати хешро дар хизмати софдилона ба халқу миллат мебинад, ҳеч гуна қувваҳои беруни роҳёфта наметавонад. Таҳлилҳои коршиносон онро нишон медиҳад,ки амалҳои манфури террористи аксаран дар кишварҳое таҳрезию амалӣ мешаванд, ки мардуми он на дониши хуби замонавӣ доранду на ба моҳияти аслии динашон огоҳанд. Ҳамин нуқтаи муҳимро ба назар гирифта роҳбари кишварамон Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат бо ин паҳлуи масъала ҳаматарафа аҳамият дода, дар баробари олӣ ба роҳ мондани рушди соҳаи фарҳангу дигар зерсохторҳои он ба маданияти диндории мардуми кишвар номгӯи зиёди китобҳои диниро ба нашр расонид,ки тамоми хешро ҷомеа аз моҳияти дини мубини исломи воқиф гарданду донанд,ки ҳамаи амалҳои зидновар бо ин дини беолоиш бегона мебошаду ин дини чун дигар динҳои ҷаҳон ҷонибдори ваҳдату ҳамдигарфаҳми, ҳамдилию ҳамраъйи мебошад. Мо аз расонаҳои хабарӣ ҳар рӯз аз амалҳои гуруҳҳои террористӣ дар ин ё он давлати ҷаҳон воқиф мегардем ва мебинем,ки ба сари мардуми бегуноҳ чӣ кулфатҳое ,ки меоранд. Дар ин замони пурмаҷарон мо бояд дорои фарҳанги баланди ватондорӣ бошем, арзишҳои миллиамонро ҳифз намоем.Мо на бояд ба гуфтаҳои касе гуш диҳему таблиғоташро бипазирем. Мушкилоти пешору омадаро китф ба китфи ҳамдигар истода ҳал намоем. Чӣ тавре ки ба чунин усул ба ҷанги шаҳрванди хотима бахшидаему вайронаҳои онро абад бинмудему Роғун сохтему садҳо иншоотҳои дигар. Шоире ба ин маъни гуфтааст: Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз, Кӣ паридан натавон бо болу пари дигарон. Аз номи Омӯзгори МТМУ №59.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-02-2020, 14:06:35 | Диданд: 291