МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИНТИХОБОТИ МО ШАФОФ АСТ!

ИНТИХОБОТИ МО ШАФОФ АСТ!

ИНТИХОБОТИ МО ШАФОФ АСТ!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ интихоб мешаванд. Президенти Тоҷикистон ба муҳлати ҳафт сол аз тарафи мардум интихоб мегардад ва дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳони интихоб мешаванд (ҷамъ - 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллиро (8 вакилро), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳайати Маҷлиси миллӣ - 33 вакили маҷлисро дарбар мегирад.

Дар Тоҷикистон Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) аз соли 1994 дар якчанд интихоботҳои умумихалқии парлумонӣ аксари овозҳои интихобкунандагонро соҳиб шуда дар сари қудрат мебошад. Тамоми интихоботҳои мо бо иштироки ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида мешаванд. Пеш аз маъракаи интихобот корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар тамоми гушаву канори мамлакат роҳандозӣ гардида, тамоми шаҳрвандон ба ин маъракаи сиёсии муҳим ҷалб карда мешавад.

Аз ин лиҳоз интихоботи мо шафоф ва дар доираи қонун гузаронида мешавад.

Иботов Диловар корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-02-2020, 15:03:18 | Диданд: 379