ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10577]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6439]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6288]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5276]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4702]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4582]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4564]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4555]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4171]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ
2. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. ВОКУНИШ
4. ТЕРРОРИРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ БАРЗУРГИ АСР, ОМИЛИ НОАМНИЮ НОСУБОТИСТ
8. Муҳаммадиқболи Садриддин- хоини милат
10. ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.
Омор
- Хабархо: 2444
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 84551
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо иқдоми Пешвои миллат аз Москва ва Дубай ба Ватан оварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳое, ки тамоми дунё дар рӯ ба рӯи таҳдиди сирояти бемории кароновирус қарор гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки бо иқдому ташаббусҳои башардӯстонаи хеш нисбат ба тақдири ягон тоҷику тоҷикистонӣ бетафовут нестанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ду парвоз ба шаҳри Москва анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, ҳавопаймои «Сомон Эйр» соати 14.00 ба фурудгоҳи Домодедово парвоз кард ва аз он ҷо 161 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Душанбе интиқол медиҳад. Соати 22.30 дақиқа, ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» ба фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Москва парвоз анҷом дода бо 195 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад.
Ҳамзамон, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Fly Dubay» соати 4:30 дақиқаи субҳи 21-уми март 150 нафар шаҳрванди тоҷикро аз шаҳри Дубайи АМА ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мерасонад.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 21-03-2020, 04:44:46 | Диданд: 432