МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо баҳри пешгирии бемории сироятӣ дастаҷамъона мубориза мебарем!

Мо баҳри пешгирии бемории сироятӣ дастаҷамъона мубориза мебарем!

Мо баҳри пешгирии бемории сироятӣ дастаҷамъона мубориза мебарем! Дар шароити имрӯза тамоми давлатҳои мутарақӣ баҳри пешгирӣ ва ҳимояи аҳолӣ аз бемории нави “коронавирус” яне бемории сироятии “тоҷдор” чораҳои карантиниро амалӣ намуда истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии ин навъи бемории доманпаҳнкарда тадбирҳои пешгириро ба роҳ мондааст. Дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ кормандони соҳаи тибб бо таҷҳизотҳои нави пешгирӣ таъмин гардида, маводҳои безараргардониро истифода мебаранд. Тариқи васоити ахбори омма роҳҳои пешгирии ин бемориро ташвиқу таблиғ карда мешавад. Имрӯз Ҳукумати кишвар баҳри пешгирии ин беморӣ тамоми чораҳоро амалӣ намуда истодааст. Шаҳрвандонро зарур аст, ки барои пешгирии ин бемори дастаҷамъона мубориза бурда дар як фурсати муайян қоидаҳои санитарӣ-гигиениро бо пуррагӣ риоя намоянд. Ҳар нафаре, ки имконият дорад ва масъулият дорад баҳри пешгирии ин вируси хавфнок корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ба роҳ монад. Маҳз ин амали мо боиси пешгирии бемории мазкур мегардад. Аз тарафи дигар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ имрӯз ҷиҳати пешгирии ин беморӣ корҳои мусбиро ба роҳ мондаанд. Тамоми аҳолии курраи заминро аз хатари ин вирус огоҳ намуда, аз беҳудагардӣ дар ҷойҳои серодам таъкид менамоянд. Ин вирус таҳдид ба аҳолии саёраро дошта имрӯз тамоми давлатҳои руи олам ба муборизаи он фаъолияти муштарак доранд. Мо ҳам бояд дар пешгирии ин беморӣ мутаҳид шуда, қоидаҳои пешгирии онро қатъиян риоя намоем. Тоиров Х-сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-03-2020, 14:59:26 | Диданд: 395