Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-6357]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5110]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-4489]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-3945]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3397]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3346]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3259]
9. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3180]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-2916]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. БОЯД МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ НАМОЕМ.
2. ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР!
3. Ифротгароӣ –яке аз падидаҳои номатлуб
4. Хаёлҳои хоми Муҳаммад Иқболи буздил
5. Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ.
8. ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
Омор
- Хабархо: 2377
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 45036
Бадахшон маъракаи сафарбарии наваскаронро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ анҷом дод
1 апрел, дар рӯзи нахустини оғози даъвати баҳорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 шаҳру ноҳия маъракаи сафарбарнамоии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100% (фоиз) анҷом доданд. Дар қатори ин ҷавонони далеру шуҷои Ватан 32 нафар кормандони сохторҳои давлатии вилоят фарзандони худро барои иҷро намудани қарзи муқаддас дар назди Ватан-Модар ба хизмат раҳнамун сохтанд.
Маъракаи гусели наваскарон бо иштироки фаъолон ва аҳли ҷамоати вилоят дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ таҳти шиори «Ҷавонони Бадахшон – муҳофизони асили марзу буми мамлакат» сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ изҳор доштанд, ки «саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар – Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд».
Ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз даъватҳои пурҳикмати Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, бо амали ватанпарастона ихтиёран омодагии худро барои ҳимояи марзу бум ва оромию суботи Ватанамон изҳор доштанд.
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2020, 07:02:58 | Диданд: 278