МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Беҳтарин изҳори ватандӯстӣ хизмат ба Ватан аст!

Беҳтарин изҳори ватандӯстӣ хизмат ба Ватан аст!

Беҳтарин изҳори ватандӯстӣ хизмат ба Ватан аст! Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як ҷавони баору номус ва ватандӯсти меҳан ба шумор рафта, ин амал инъикосгари ҳуввияти баланди миллӣ, шуҷоати бузурги ҷавонмардона ва меҳанпарастист. Дар кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистони муосир дар ду мавсим даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ба амал оварда мешавад, ки дар як муддати кӯтоҳ ҷавонони ватандӯст ва меҳанпарасти кишвар ба сафи ҚМ бо хоҳиши худ ҳозир мешаванд. Ин амали шуҷоатмандонаи ҳар як ҷавонмард боис бар он мегардад, ки даъвати ҳарбӣ дар замони муайяншуда, бе мушкилӣ ба итмом расад. Бояд тазаккур дод, ки шароити буду боши афсарону сарбозон дар ҳудуди кишвар, ҷавобгӯ ба талаботи замон буда, барои онҳо тамоми шароит ва имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Мутаассифона дар баъзе ҳолатҳо ҷавононе ёфт мешаванд, ки аз хизмат дар сафи ҚМ кишвар саркашӣ мекунанд, ки ин боиси эҷоди мушкилиҳои муайян дар роҳи иҷрои даъвати ҳарбӣ мегардад. Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи ҶТ: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст» Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки мо ҷавонон баҳри ҳифзи сарзамини аҷдодии хеш камари ҳиммат баста, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якпорчагии мамлакатамон аз як гиребон сар бароварда, дастаҷамъона кӯшиш намоем ва хизмат дар сафи ҚМ кишварро сарбаландона адо намуда, ба Ватан –модари хеш ҳамеша –то охирин нафас содиқ бимонем. Аз номи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 02-04-2020, 12:47:19 | Диданд: 317