МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарҳади Тоҷикистон – таҳти назорати сарҳадчиён қарор дорад.

Сарҳади Тоҷикистон – таҳти назорати сарҳадчиён қарор дорад.

Сарҳади Тоҷикистон – таҳти назорати сарҳадчиён қарор дорад. Вобаста ба муноқишае, ки санаи 8-уми май соати 18:00 дар мавзеи сарҳадии Қумазори Ҷамоати деҳоти Чоркўҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳади ба амал омада дар ҷараёни он 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 марзбони Қирғизистон захми шуданд, ки сабаби асоси муноқиша ин аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон бо тарзи худсарона аз худ кардани 4 га замини тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Тоҷикистон таалуқдошта мебошад. Сарҳадчиёни Қирғизистон ба ҷой он ки аз муноқиша пешгири кунанд, нақши иғвогарона бозида ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон аз яроқи оташфишон истифода бурда ба шаҳрвандони кишварамон тир холӣ намуданд, ки боиси захми шудани Фазлиддин Фозилов, ва Айёмиддин Шарифов гардида ба беморхонаи шаҳр интиқол дода шуданд. Новобаста аз оне, ки хатогӣ аз ҷониби мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон бо аз худ кардани заминҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуқдошта муноқиша сар зада бошад ҳам, мардуми Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро мебояд, ки баҳри тинҷиву оромӣ, ҳамадигарфаҳмиву муросо намудан миёни ду миллати бо ҳам ҳамсарҳаду ҳамсоя, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон тамоми чораҳоро андешанд, чуки ин гуна муноқишаҳо муносибатҳои миёни ду давлатро ба нофаҳмиҳо оварда мерасонад. Сарҳадчиёни тоҷик яке аз вазифаҳои муҳими сиёсӣ ҳифзи Конститутсияро ба уҳда доранд. Ҳимояи марзу буми меҳан вазифаи муқаддаси онҳо мебошад. Тамоми амалҳои иҷро намудаи онҳо дар асоси конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Султон Бахтиёр – корманди бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-05-2020, 11:11:50 | Диданд: 322