МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Душмани асосии коронавирус тозаги аст.

Душмани асосии коронавирус тозаги аст.

Душмани асосии коронавирус тозаги аст. Барои пешгирӣ аз вирус Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро дида истодаанд. Умед ва боварии комил дорем, ки дар наздиктарин фурсат он паси сар мешавад. Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Таърих гувоҳаст, ки вазнини аз ин бадтарро мардуми шарифи тоҷик бо сари баланд паси сар кардааст. Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии милатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд, нест кардани вирус аз кишвар фақат чанд кори одиро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Ин, пеш аз ҳама, риоя кардани тавсияҳои мутахассисон, яъне духтурон мебошад. Агар мехоҳед ба ин “фариштаҳои сафедпӯш”-и ҳомии ҷону тани мо, ки шабонарӯзӣ дар сафи аввали мубориза қарор доранд, кумак кунем, худ ва хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ дорем. Душмани асосии коронавирус тозагӣ аст. Тозагие, ки дар вуҷуди мо, рагу шарёни мо табиати мардуми тоҷик ҳаст. Ҳамчун, муввақатан даст кашидан аз чанд одате, ки боиси ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Боз замони самимона дастфишорӣ карданд, бӯсу канори ёру наздикон, оғӯшгирӣ, чойнӯшии якҷоя, нишастҳову чақ-чақ мерасад. Аммо ҳоло аз онҳо худдорӣ бояд кунем. Дар баробари ин, барои баланд кардани масунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти тару тоза, ки аз витамин боӣ мебошад, истифода кардан лозим аст. Бар зами ин, бояд таъкид намоем, ки наҳс худаш танҳо намеояд. Дар шароите, ки додугирифт миёни кишварҳо ба ҳадди минималӣ рсидааст, бояд аз пештара бештар дар фикри таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани худамон шавем. Барои ин мавсими мусоиди кишту кори боҳорӣ, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман, ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ибораи мардумӣ шудааст, “ҳар як ваҷаби замин”-ро самаранок истифода барем. Ҷонова Савсангул –мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-05-2020, 09:59:53 | Диданд: 478