МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо пуштибони сарҳадем

Мо пуштибони сарҳадем

Мо пуштибони сарҳадем Доир ба амалҳои манфури терористӣ матбуоти ҷаҳон ва кишварҳои алоҳида маводҳо чоп мекунанду аз ваҳшонияти нав ба нави онҳо хабар медиҳад. Ин ҳама бошандагони сайёраи заминро ба ташвиш меоранд, ки аз ин мо дар канор нестем. Мо мардуми тоҷик шукронаи истиқлолият, шукронаи ваҳдати миллию Пешвои муаззами миллат мекунем, ки дар як фазои орому осуда зиндагӣ ва кор мекунем . Ҳарки номухт аз гузашти рўзгор Низ наомўзад зи ҳеҷ омўзгор Фармудааст устод Рўдакӣ ва месозад, ки аз имрўз истода гузаштаи кишвари худ, аниқтараш ба ҳодисаҳои нангини солҳои 90-думи асри гузашта дидаи эътибор бидўзем ва онро пеши рў биорем, ки ба дасти гуруҳҳои террористию дигар пайравони онҳо чи ҳодисаҳои мутҳише дар кишвари биҳиштосои мо рух дод. Ҳазорҳо оилаҳо бо дидаҳои гирёну дили сузон хонаю дари ободи худро тарк намуда рӯ ба сӯи кишварҳои дигар оварданд. Ба ибораи пешвои муаззами миллат дар хоки Афғонистон мазори ғарибони тоҷик пайдо шуд . Гузашта барои ҳар инсони соҳибақл муаллимест. Мо бояд аз гузаштаи хеш сабақ бигирему имкон надиҳем, ки афроде ба гуруҳҳои терроризм миёни насли ҷавонони мо амалҳои таблиғотиро ба роҳ монанд. Аз саҳифаҳои рўзномаҳо мехонем, аз намоишҳои оинаи нилгун мебинем , ки ҳанўз ҳам ҳастанд ҷавонони нохудогоҳе, ки ба таблиғоти дуруғини ин гуруҳ бовар намуда б доми онҳо меафтанд. Ин гуруҳ дар бисёр ҳолатҳо дини беолоишу ноби исломро ба худ сипар намуда ҳикояту ривоятҳои беасосе меоваранду ҷавононро гумроҳ месозанд. Мардуми шарафманди мо дар атрофи Пешвози муаззами худ муттаҳид шуда баҳри ободонию бунёдкорию созандагии кишварамон заҳмат мекашанд. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар уҳдадориҳои нави меҳнатӣ мегиранд. Аммо ҳанўз гуруҳҳои опазитсионӣ дар камин аст, онҳо ба ҳазору як найранг моро сиёҳ кардан мехоҳанд, вале ин ҳама ҷузъ ҳарзагуи чизе нест. Имрўзҳо ҷавонони кишвар, зери шиори «Мо пайравони Пешвои миллатем» аз пайи ободкориҳо мебошанд. Онҳо мехоҳанд ин сарзамини бобоиро аз будааш оботару зеботар намуда ба насли оянда мерос монанд . Мо аҳли зиёи кишвар дар байни ҷавонон коркардани онҳоро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳи тарбия менамоем ва ин рисолати мост . Сармутахассисаи шуъбаи маориф: Р.Солеҳов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-05-2020, 13:17:19 | Диданд: 282