МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР Дар замони муосир, ки пуртазод мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, яке аз муаммоҳое, ки ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо аст. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таҳкит карданд, ки Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист . Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оримию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд. Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем. Зеро имрӯз терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи экстремизму ифротгарои ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд. Ҳаминро бояд дониста бошанд, ки дарвоқеъ ҳеҷ гоҳ ба вуқуъ пайвастани амалҳои террористии ниқоби динидошта , аз ҷумла ниқоби исломидошта, моҳияти динро инъикос карда наметавонад. Ҳар гуна дин, ба хусус дини ислом мухолифи амалҳои террористӣ буда, онро ба куллӣ рад менамояд. Мутахасисси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии ноҳияи Восеъ: Неъмонова Н

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-05-2020, 09:41:56 | Диданд: 305