МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар сарҷамъи мо метавонем ғалабаро бар зидди бемории сироятии COVID-19 ба даст орем!

Дар сарҷамъи мо метавонем ғалабаро бар зидди  бемории сироятии COVID-19 ба даст орем!

Дар сарҷамъи мо метавонем ғалабаро бар зидди бемории сироятии COVID-19 ба даст орем! Вақте, ки тамоми башарият аз паҳншави ва хатари бемории даҳшатовар “коронавирус” азият мекашад ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба нишонаҳои поёнӣ расид барои ҳар як нафар дарси ибрат мебошад. Яъне душмани ноаён дар шакли вирус ба тамоми курраи замин таҳдид карда истодааст. Дар ин ҷода ман фикр мекунам, ки танқидгар ва ё мунақид лозим нест. Зеро ин мушкили дар тамоми ҷаҳон маълум аст ва зиёни худро расонида истодааст. Албатта ин таҳавуллот боиси нигаронӣ буда, башариятро зарур аст, ки алайҳи ин беморӣ муттаҳид шуда онро аз руи замин нест кунанд ё ин, ки даъвояшро ёбанд. Барои мубориза бар ин навъи бемории сироятӣ сарҷамъӣ ва истифодаи усулҳои нав шарт ва зарур аст. Ин беморӣ шакли нави вирусе мебошад, ки аз лиҳози густариш дар муддати кутоҳ дар саросари ҷаҳон худро муаррифӣ карда тавонист. Яъне мо душмане дорем ноаён ва аз лиҳози силоҳ мусаллаҳ бо тамоми аслиҳаҳои ҳарбӣ. Бо ин душман айни ҳол мо дар набардем, ғаллабаро дар он сурат ба даст меорем, ки тамоми шаҳрвандон дар сарҷамъӣ бошанду қоидаҳои оддии гигиениро риоя намоянд. Дар ин муддате, ки тамоми ҷомеаи башарӣ эҳтиёҷот ба доруворӣ ва дигар маводҳои ғизоӣ дорад нафаре аз дур истода камбудӣ меҷӯяд нишонаи ноҷавонмардӣ мебошад. Бояд ҳар як шаҳрванд дар набард бо ин вируси даҳшатнок саҳми худро гузорад. Ба ҳадди аққал дар ҷойҳои ҷамъитӣ ба шаҳрвандон таъкид намоянд, ки масофаи зиёда аз 2 метрро риоя намоянд. Тамоми кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои корҳои оммафаҳмонӣ, тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ вазифадор гардида, масъулияти худро ба ҷо меоранд. Аммо баъзан нафарон аз хориҷи кишвар истода худро ҳоми ва маслиҳатгар нишон додани мешаванд. Мардум дар мушкилтарин вақт ҳис мекунад, ки дар бараш, ки аст. Вақте, ки дар расонаҳои интернетии худ гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ ва роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари мо сухан меронад ва ба танқид сухан мегӯяд ҳар як бинандаро нафраташ меояд. Зеро Муҳиддин Кабирӣ замоне дар кишвари мо ҳамчун роҳбари ҳизбе фаъолият дошт ба ғайр аз пиёда сохтани манфиатҳои худ ва хоҷагонаш дигар ягон зарра кори хайру сахоро ба ҷо наовардааст. Фаъолияти террористӣ ва экстремистии ӯро мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян намуда, ӯ дар ҳол ба хориҷи кишвар фирор намуд. Дар ин рӯзҳо аз кӯчактарин мушкилот ҳодиса тарошида чеҳраи манфури худро вонамуд карданӣ мешавад. Лек дар асл мардум медонад, ки у хоин аст ва мемонад. Мардуми Тоҷикистон бо иродаи қави ва бо сарзамини бойяш аз ҳама мушкилот мебарояд. Мо дар сарҷамъи ва муттаҳиди метавонем мушкилоти мавҷударо ҳал намоем, чуноне, ки дар солҳои 90-ум аз давлати абарқудрати Шӯравӣ осоре намонда буд, бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби давлат шудем ва иқтисодиёти худро ба по хезондем. Ҳазор маротиба шукргузори мекунам, ки дар ин шароит имрӯз тамоми соҳибкорону имкониятдоштагон дасти сахо ба табибону оилаҳои ниёзманд дароз карда, ҷиҳати беҳдошти вазъи зиндагии мардум саҳмгузори намуда истодаанд. Сафар Ҳ.Р. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-05-2020, 13:14:27 | Диданд: 380