МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терроризм ва экстремизм хатари аср аст.

Терроризм ва экстремизм хатари аср аст.

Терроризм ва экстремизм хатари аср аст. Ифротгароӣ аз лиҳози мазмун ва моҳият, назария ва амалия ниятҳои ғаразнок ва нақшаҳои аз ҷониби қонун манъшударо фаро мегирад. Ин гунна амалҳои ғайриинсон ба фишоовар ба ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандтакия мекунанд. Экстремист на танҳо қотил ё вайронкори маъмул, балки ҷинояткори хафноке ба шумор меравад. Экстремистон дар ҳамагуна ноҳақ ва амалҳои разилонаашон устувор пеша менамоянд. Гуфтан ҷоиз аст, ки бешаку шубҳа дар рафтору муносибат ва кирдори террористону экстремистоне, ки тули солҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳон зиёдтар зуҳур намудаанд, айнан ҳамин гуна хислат ва хусусиятҳо нисбат ба атрофиён ба назар мерасанд. Террорист ва ифротгаро аз миллат, ватан ва аз нажоду авлоди худ андеша намекунанд. Аз ҷониби экстремистон ҷинояти содиршуда хусусияти системави дошта он таъсири хатарсози худро ба ҷамъият, миллат ва ба тамоми олам мерасонад. Ҳар як террорист ё экстремист аз паси худ садҳо нафари дигаро ба ваъдаҳои пучу бебунёд ҷалб намуда, ба олами ҷино тела медиҳад. Бояд таъкид кард, ки экстремист ҳадаф ва ниятҳои манфии зиёде дорад, ки ҳамаи он ба таври марговар зараррасон ба башар мебошад. Ин гуна фаъолиятро террористон ва ифротгароён дар ҷамъият ба таври инфирод ва гуруҳ ба роҳ мемонанд. Фаъолияти экстремистонаи гуруҳ хатарноктарин ба шумор рафта, ҷинояткорон метавонанд ба истифода аз он андеша ва тафаккури хатаровар, донишҳо, таҷриба, бовар ва мақсадҳои нопоки хешро дар кўтоҳтарин муддат ба дигарон таҳмил кунанд ва ба ҷиноятҳои мудҳиштарине дастаҷамъона даст зананд. Терроризм-падидаи номатлуби иҷтимо-сиёс ва ҷиноие ба ҳисоб меравад, ки ба муқобилиятҳои дохилию берунаи ҷамъият ва баъзе афроди сиёҳтиннат асос меёбад. Терроризм хатари бисёрҷабҳа ба шахсият ҷамъият ва давлат дорад. Он якчанд хусусиятҳоро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо идеологияи террорист ном бурда мешавад. Паҳнкунандаи ин идеология, бе шакку шубҳа, ташкилотҳои террористии мухталифи ба таври ғайриқонун ва пинҳон амалкунанда маҳсуб меёбанд. Чунин ташкилотҳо дар тамоми ҷаҳон фаъолият намуда, пайравонашон дар саросари олам амалҳои ғайриқонунии хешро ба роҳ мемонанд. Хотирасон бояд намуд, ки тулии солҳои охир фаъолияти яке аз чунин гуруҳҳои террорист-ТЭТ ҲНИ чеҳраи аслии худро дар рафтор ва амалҳои ифротгароёнаи хеш нишон дод. Мувофиқи иттилои воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва дигар сарчашмаҳои хориҷ аён гашт, ки ин ташкилот ҳадафи тахрибкоронаву манфиатҷўёнаи худро тўлии солҳои зиёд такмилу тақвият дода, гоҳо зери ному парчами «ДИИШ» низ фаъолият бурда, одамонро ба сарсонию нигарон, бадбахтию ноумед мувоҷеҳ кардан хостаасту мехоҳад. Эҳсоси худпарастонаи эшон то ба он андоза боло гирифта аст, ки ҳатто модарони ғамхору дилсўзи худ ва падарони як умр барои ба воя расонидани онҳо шабу рўз талош варзидаро бо ҳам фиреб медиҳанд. Бинобар ин ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дастаҷамъона бар зидди ин гуна ҳаракату ташкилотҳои ҷиноятпеша, ки имрўз зарари худро бар тамоми ҷомеаи адолатпешаи олам расонида истодаанд мубориза баранд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати милл–Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомал Раҳмон доимо дар суханрониҳояшон ба мардуми Тоҷикистон таъкид менамоянд, террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист террорист ҳасту бас. Ёқубҷон Ализода – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ .

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-06-2020, 13:22:25 | Диданд: 308