МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандор ин муҳофизати сарҳад мебошад.

Вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандор ин муҳофизати сарҳад мебошад.

Вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандор ин муҳофизати сарҳад мебошад. Ҳифзи Ватан, муҳофизати сарҳад, пойдор нигоҳ доштани сулҳу суббот ва тартибот дар мамлакат вазифаи муҳиму асосӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон, хусусан, ҳар як сарбози кишвар ба шумор меравад. Барои ҳар як фарди банангу бономус ҳар як зарраи хоки Ватан арзиши бузург дорад. Мо тоҷикон набояд фаромӯш созем, на ҳар фард ва на ҳар сарвари давлате, ки ба сари қудрат меояд, ишқи ватанхоҳиву ватансозӣ ба сар дорад. Ёд меорам солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳама хонавода садои оҳи падарон, нолаи зори модарон, фиғони хоҳарон, навҳаи наварӯсон, гиряи тифлон ба гӯш мерасид. Фиғони модари фарзандгумкарда аз ёдҳо дур намегардад. Дар лаҳзаҳои мудҳишу мураккабтарину таърихӣ абармарди дунёи шуҷоат Эмомалӣ Раҳмон тавонист давлатдориро бо иродаву панҷаҳои оҳанини хеш бо сиёсати хирадмандонаву дурандешона, бо неруи созанда нигаҳдор бошад. Тухми низову нафрат аз қалбҳои мардум дур афканда, тухми умеду орзу ва ояндаи неки дурахшонро бикорад. Худ таҳаммул кардани миллат фоҷиаи камаршиканӣ гардида буд аз баракату фазилати ин мард миллати тоҷик аз вартаи нестӣ ба вартаи ҳастӣ расид. Имрӯз аз минбарҳои гуногуни давлатҳои алоҳида боз ҳам онҳое садо баланд мекунанд, ки гул-гулшукуфоӣ, пешрафту ободии ин миллати азияткашидаро безобита мекунанд. Онҳо аз об, бод, хоку ҳавои мусаффову беолоиш ва ҷаннатулмаъвои ин ватан маҳрум ҳастанд, дастнигару мутеъи хоҷагони зархариди хеш гаштаву яқин, ки ин маҳрумиятҳо онҳоро ба кӯи гумроҳӣ бурдааст. Ба дасисаву фитнаҳои душманони дохиливу хориҷӣ аҳамият надиҳем. Якпорчагии Ватану давлатро ҳифзу нигаҳдорӣ кунем. Имрӯз вақти он аст, ки мо тоҷикон ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, омодаи ҳифзи сарҳаду давлати хеш бошем. То нокасу нохалафе байни ду давлату ҳамсоя баҳсу мунозира наафканад. Сарҳадчиёни тоҷик яке аз вазифаҳои муҳими сиёсӣ ҳифзи Конститутсияро ба уҳда доранд. Ҳимояи марзу буми меҳан вазифаи муқаддаси онҳо мебошад. Тамоми амалҳои иҷро намудаи онҳо дар асоси конститутсия, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷонова С: сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2020, 13:38:58 | Диданд: 329