МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Дар пешгирии бемории “коронавирус” мо худро бояд масъул шуморем!

Дар пешгирии бемории “коронавирус” мо худро бояд масъул шуморем!

Дар пешгирии бемории “коронавирус” мо худро бояд масъул шуморем! Новобаста аз он, ки хуруҷи бемории коронавирус дар кишвари мо пешгирӣ карда шуд ва имрӯз мо набояд бе парвогӣ намоем. Дар қаламрави дигар кишварҳо марҳилаи хуруҷи дуюми беморӣ паҳн шуда истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандон бояд бар зидди ин беморӣ муттаҳид шуда одитарин қоидаҳои гигиениро риоя намоянд. Бемории нави коронавирус бемориест, ки он дар муддати кӯтоҳ тавонист дар саросари ҷаҳон доман паҳн намуд. Кишварҳои таррақикарда тамоми олимону донишмандонро барои пешгирии ва муолиҷаи ин беморӣ ҷалб намуда ҳамарӯза ташхисҳои лабараторӣ мегузаронанд. Имрӯз ҷомеаи башарӣ бар зидди як мушкилот, ки ин ҳам бошад бемории сирояти аст, ки мубориза мебарад. Мо шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон бояд бо маърифати баланд дар мубориза ба бемории сироятии коронавирус корбарӣ намоему аз ин хатар шаҳрвандонро эмин нигоҳ дорем. Зарур аст, ки аз кӯдаки хурдсол сар карда то нафари калонсол соҳибмаълумот бошад оид ба пешгирии ин беморӣ. Соҳибкорон ва нафароне, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кору фаъолият менамоянд ҳатман қоидаҳои санитарӣ гигиениро риоя намоянду ба дигарон низ талқин кунанд, ки ин амал яъне покизакориро мунтазам ба иҷро расонанд. Ситамова Р-сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-07-2020, 15:00:10 | Диданд: 257