МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳифзи марз-шарафи ҳар як сарбоз мебошад!

Ҳифзи марз-шарафи ҳар як сарбоз мебошад!

Ҳифзи марз-шарафи ҳар як сарбоз мебошад! Ҳизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватану ҳалқ буда, қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат ба шумор меравад. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш фахр мекунад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбони намудан ва сулҳро дар тамоми Ҷаҳон пойдор нигоҳдоштан. Имрз Тоҷикистони азизи мо тибқи муқарароти меъёри давлатдорӣ соҳиби парчам, нишон, суруди миллӣ ва артиши миллии ҳуд мебошад. Аз ин рў ҷавононро мебояд тамоми ҳастии ҳудро барои нигоҳдошти муқаддасоти миллӣ ва марзу буми кишвар равона намуда, ҷони ҳудро дарег надошта, барои тенҷиву оромии кишвари азизамон доимо омода бошанд. Мусалламаст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагӣ дорад. Аз ин рў вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сарбоз ҳифзи марзи кишвари ҳуд ба шумор меравад. Имрўзҳо сарбозони шуҷои Ватан марзи 1040 километраи моро аз давлати Афғонистон ҳифз ва муҳофизат намуда истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нерўи сарбозони мо баланд гардида, қудрати артиши мо бузург аст. Дар ин роҳ даҳҳо нафар сарбозони мо ҷони ҳудро аз даст дода, номи худро абадан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт намудаанд, ки ин гувоҳи аз корнамоиҳои бузург ва ҳуввияти баланди миллии аскарону афсарон шаҳодат медиҳад. Ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои милли, ҳифзи марзубуми кишвар пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот натанҳо вазифаи сарбоз балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту ватанҳоҳи кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин рў ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикстонро зарур аст, ки барои таъмини амнияти миллӣ, пойдор мондани Истиқлолияти давлатӣ ва дар замири наврасону ҷавонони кишвар бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, дўст доштани ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳифзи марзу буми кишвар аз сарбозону афсарони шуҷои ватан ва мутаҳидиву сарҷамъии кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон буда мо миллати тоҷикро зарур аст, ки дар паҳлуи ҳамдигар барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарўзии марзбонони Ватан ва тинҷиву оромии миллати ҳуд луқмае барои душманони миллати тоҷик надиҳему ватани азизи худро чун ҷон дўст дошта, ҷони худро дарег надорем. Корманди баҳши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳияи Восеъ Иброҳимов Амирҷон

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-07-2020, 13:48:54 | Диданд: 277