МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МО ВАТАНИ ХУДАМОНРО АЗ ХОИНОНИ ХИЁНАТКОР ҲИФЗ НАМОЕМ.

МО ВАТАНИ ХУДАМОНРО АЗ ХОИНОНИ ХИЁНАТКОР ҲИФЗ НАМОЕМ.

МО ВАТАНИ ХУДАМОНРО АЗ ХОИНОНИ ХИЁНАТКОР ҲИФЗ НАМОЕМ. Хоини миллат оне аст, ки дар Ватан ба камол мерасаду нону намаки миллатро мехуруду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунад, Сайидюнуси истаравшань барин шахсиятҳо паси пардаи ислом истода, ҳар гунна иғвоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки ислом ба ягон ҳизб тааллуқ надорад. Гуноҳе, ки ин сагони миллат нисбати халқ мекунанд нобахшиданист. Ин шахсиятҳо бо суханҳои дурӯғи худ миллати тоҷикро дар назди башар шарманда кардан мехоҳанд. Ин душманони дини мубини ислом аз эътиқоду динии мардум истифода бурда тавассути ҲНИ мехоҳанд дар минтақа вазъи ноором сохта ба ниятҳои нопоки худ расанд. Ин хоинони миллати тоҷик бояд дар маҳбасхонаҳо пӯсида раванд. Солҳои 1992 то солҳои 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи даҳшатангез рух дода буд. Дар ин ҷанги бародаркуш садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ ҷони худро барои хоинони миллати тоҷик бохтаанд . Сабабгори ҳамаи ин бесарусомониҳо ҲНИ буд, ки имрӯз низ мехоҳанд вокеан солҳои сипаригаштаи хунрезиҳоро бар гардонанд. Лекин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони мо тинҷу ором ва рӯз ба рӯз ободу зебо гаштаистодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кӯшиш кунем то Ватани мо боз ҳам ободу зебо гардад. Мо тоҷикем ва тоҷдорем барои ҳамин ин давлати орому зеборо дубора хор нахоҳем кард ва мо аз давлати демократии худ ифтихор мекунем. Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд ва намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд. Аз ин рӯ мо ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол баҳри рушду нумӯи кишвар ва ҳифзи асолати таърихӣ камари ҳиммат баста намегузорем , ки афроде ба ин рӯзгори пурсаодати халқ нохушӣ орад. Мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила: Менгиёрова З

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-08-2020, 13:40:46 | Диданд: 254