МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТТЭ ҲНИ ба манфияти кист?

ТТЭ ҲНИ ба манфияти кист?

ТТЭ ҲНИ ба манфияти кист? Ташкилоти терористиву экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломи, ки замоне дар кишвари мо ҳамчун ҳизби сиёсӣ фаъолият дошт ва дар ин муддат ба ҷуз ташкили нофаҳмию иғвоангези дигар корреро ба анҷом намерасонид. Мардум низ ин ташкилотро аз оғоз пай бурда буд, ки ба манфиати хоҷагони хориҷиаш кор карда танҳо миёни мардум бо ғараз ва мақсадҳои нопок кор мекард. Дар тамоми расонаҳои хабарии мустақил ва давлатӣ маводҳои зиёде пайдо кардан мумкин аст, ки аз фаъолияти терористи ва экстремистии ин ташкилот дарак медиҳад. Мардуми Тоҷикистон ҳеҷ вақт рӯзҳои даҳшатбори солҳои 90-умро фаромуш намекунанд, ки ин ташкилоти террористӣ бо ёрии хоҷагонаш миёни мардум ҷанг меандохту кори савоберо ҳеҷ вақт амалӣ намекард. Рӯзи мардумро то чанд сахт ва вазнин карду модарро аз фарзанд ва шаҳрвандро аз давлати худ ҷудо кард. Мардуми Тоҷикистон аз оташи ҷанги ин ташкилоти терористиву экстремистӣ берун аз хоки ватан шуданд. Танҳо бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд. Новобаста аз оне, ки аъзоён ва ҳамсафони ТТЭ ҲНИ дар сохторҳои давлатӣ кор мекарданд ба ҷуз аз кашидани нақшаҳои ҷанг дигар кореро ба анҷом намерасониданд. Мақсад ва мароми ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон маълум шуд ва онҳоро касе дигар диққат намедиҳаду сафсатаҳояшонро бовар намекунанд, чунки онҳо танҳо ба мақсади хоҷагони хориҷиашон кор ва фаъолият мекунанд. Сафар Ҳ. Р. –сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-08-2020, 15:33:54 | Диданд: 323