МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Евагӯиҳои М, Кабирӣ ба ки лозим!

Евагӯиҳои М, Кабирӣ ба ки лозим!

Евагӯиҳои М, Кабирӣ ба ки лозим! Муҳиддин Кабирӣ то курсии парлумониро соҳиб гардиду вале аз ниятҳои нопокаш даст накашид. Ба Ватан ва миллати худ хиёнат кард. Ҳарчанд бо забон дигар мегуфту дар амал зери нақшаҳои хоҷагонаш кор мекард. Оқибат аз хоки кишвари мо гурехта дар давлатҳои хориҷ пинҳон шуд. Ӯро ҳама ҳамчун нафари хоин ва душманди халқ мешиносанд. Зеро дар якчанд амалҳои террористиву экстремистӣ гунаҳкор дониста мешавад. Агар М.Кабири ва ҳамаслаконаш ба манфиати мардум кор мекарданд имрӯз натиҷаи корашон маълум буд, вале баръакс танҳо якчанд зан мегирифтанду мардумро аз дину шариат тарс дода маблағҳо ва дорои онҳоро ба манфиати худ истифода мебурданд. Ман ҳамчун хонанда то имрӯз ягон маводеро пайдо накардаам, ки М.Кабири ва ҳамаслаконаш дар Тоҷикистон ягон боғча, мактаб ва ё ба касе хона ҳамчун кӯмак карда бошанд. Чанд нафар аъзо ва раисони и ҲНИ-ро дар шаҳру ноҳияҳо мешинохтам, ки зиёда аз ду зан доштанду корашон фиреб кардани мардум буд. Имрӯз аз амалҳо кардаи худ шарм надошта тариқи шабакаҳои интернетӣ баромадҳо менамояд. Дар зеринависи ҳар як баромадҳояш мебинам, ки мардум уро хиёнаткор ва ватанфуруш меноманд ва ҳатто баромадҳояшро шумораи каме истифодабарандагони интернет тамошо мекунанду халос. Зеро ӯ дар замираш ба ҷуз аз фиребу найранг дигар чизе нест. Мардуми кишвари мо ТТЭ ҲНИ –ро ҳамчун ташкилоти душманди мардуми Тоҷикистон пазируфта аст. Ин ташкилот бо маблағи хоҷагони хориҷи амал карда фаъолияташро коршиносон начандон самарабахш арзёби мекунанд, зеро ба онҳо дигар касе гуш намедиҳаду пайрави намекунад. Сафар Ҳ. Р. –сокини н.Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-08-2020, 15:34:49 | Диданд: 253