МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳифзи марз - нишонаҳои муҳаббат ба Ватану халқ мебошад!

Ҳифзи марз - нишонаҳои муҳаббат ба Ватану халқ мебошад!

Ҳифзи марз - нишонаҳои муҳаббат ба Ватану халқ мебошад! Ҳифз намудани марзу буми кишвар қарзи ҳар як сарбози вафодори миллат ба шумор меравад, ба сарбоз се чизи аз ҳама муқаддас мебошад: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбони намудан ва сулҳро пойдор нигоҳ доштан. Аз ин рӯ ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои таъмини амнияти миллӣ, пойдор мондани Истиқлолияти давлатӣ ва дар замири наврасону ҷавонони кишвар бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани Ватан саҳми арзандаи худро гузоштан, зеро ҳимоя ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои милли, ҳифзи марзу буми кишвар пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот натанҳо вазифаи сарбоз балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанхоҳи кишвар ба ҳисоб меравад. Мусалламаст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сарбоз ҳифзи марзи кишвари худ ба шумор меравад. Имрӯзҳо сарбозони шуҷои Ватан марзи 1040 километраи моро аз давлати Афғонистон ҳифз ва муҳофизат намуда истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки нерӯи сарбозони мо баланд гардида, қудрати артиши мо бузург аст. Дар ин роҳ даҳҳо нафар сарбозони мо ҷони худро аз даст дода, номи худро абадан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои зарин сабт намудаанд, ки ин гувоҳи аз корнамоиҳои бузург ва ҳуввиятӣ баланди миллии аскарону афсарон шаҳодат медиҳад. Ҳифзи марзу буми кишвар аз сарбозону афсарони шуҷои Ватан ва мутаҳидиву сарҷамъии кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Моро зарур аст, ки дар паҳлуи ҳамдигар барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии марзбонони Ватан ва тинҷиву оромии миллати худ бирасем Ватани азизи худро дӯст дошта, ҷони худро барои ҳифзаш дареғ надорем. Корманди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши н. Восеъ: А.Иброҳимов

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-10-2020, 14:48:52 | Диданд: 317