МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони миллат амну осоиши Тоҷикистонро дида ҳасад мебаранд.

Хоинони миллат амну осоиши Тоҷикистонро дида ҳасад мебаранд.

Хоинони миллат амну осоиши Тоҷикистонро дида ҳасад мебаранд. Имрӯз хоинони миллат, аз қабили Кабириву Муҳаммадиқболу ва дигар думравонашон пешрафту ободиҳои Тоҷикистонро дидан намехоҳанд, дарун-дарун месузанд. Ин Худобехабарон дар таърих ҳамчун душману хоини миллати тоҷик ном бурда мешаванд ва насли оянда номи онҳоро бо нафрат ба забон хоҳанд гирифт, Шоир мефармояд; Ҳар, ки бар душмании халқ равонас чу даҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. Имрӯз хатарҳои терроризму экстремизм, ҷинояткори муташакили фаромарзӣ ва дар ин замина муракаб гардидани вазъи ҷаҳон яке аз мушкилотҳои асосии глобалӣ ба ҳисоб меравад. Мо ҳамагон бояд бидонем, ки ин хоинони миллат ба ҷуз фиребу найранг, куштору ғорат ва ноорому бесубот кардани кишвар дигар нақшае надоранд. Имӯзҳо мутаъсифона аксари онҳо, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳкоми фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгарӣ, бадқасди, ғайритаҳамулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафию ахлоқи он бар пояи адолат баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Ба боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хубӣ дарк намудаанд, ки насиби мо гаштааст, ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ва ризоияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва нагузорем, ки нохалафе ин фазои ороми моро хароб кунад. Ман чун яке аз фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ба чунин фарзандоне, ки ба ватани ободи худ хиёнат мекунанд, ободии кишварро, пешравии Ватани азизи худро дида наметавонанд, нафрат дорам. Намехоҳам, ки ҳодисаҳои солҳои гузашта боз аз нав такрор гарданд. Намехоҳам, ки ашки ғам аз чашмони модарон резад, фарзандон ятим гарданд. Лаънат ба хоинони Ватан. Сокино ноҳияи Восеъ: Ализода Ё. С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 23-10-2020, 13:58:12 | Диданд: 216