МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон

Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон Чандест хабари дар кофтуков эълон кардани яке аз хоинон ва душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқболи Садриддин фазои иттилоотиро пур кардааст. Иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншуда пурра воқеӣ буда, бо далелҳои шайъӣ ва шоҳидии шоҳидони зинда асоснок шудааст. Солҳост, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намуда истодааст, ки хоинони наҳзативу Гуруҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳамаашон ҷинояткору қаллобанд ва ҳадаф аз ниқоби мухолифӣ ба сар карданашон танҳо рупуш кардани ҷиноятҳои содирнамудаашон аст. Худро мухолифу «ҷабрдида»-и ҳукумати қонунии Тоҷикистон эълон карда, мухолифини ватанфурӯш ҳадафҳои муғризонаи худро пайгирӣ мекунанд. Умедворам, ки ҷиноятҳои навбатии ошкоршудаи Муҳаммадиқболи Садриддин чашми аҳли оламро кушода, чеҳраи воқеии мухолифини нохалафро ифшо мекунад. Роҳбарону аъзоёни ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуи дар Аврупо фаъолияткунанда пеш аз гурехта рафтан ба Аврупо ҷинояткор буданд ва танҳо баъд аз ошкор гаштани ҷиноятҳояшон ҷомаи мухолифиро ба бар карданд. Ҳамаи даъвоҳои сиёсӣ ва танқидҳои беасоси Ҳукумати Тоҷикистон танҳо суханҳои хушку холӣ буда, ҳадафи воқеии онҳо ба даст овардани фоидаи муфт ва бо роҳи фиреб ғанӣ гардонидани худ аст. Тавре шоҳидони ҷиноятҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯянд, ӯ бо истифода аз ҳадису оятҳои Қуръон маблағҳои зиёди онҳоро бо роҳи қаллобӣ аз худ кардааст. Магар аз ин ҷинояти вазнинтаре ҳаст? Ин афрод, ки худро ҳомии дину шариат меҳисобанд, бо истифода аз номи дини ислом ба чӣ ҷиноятҳое даст назадаанд. Алббата аз ин чиз мо бояд ҳайратзада нашавем. Акнун ки ҷиноятҳои навбатиашон ошкор шуд, боз худро бегуноҳ меҳисобанду иттиҳомоти эълоншударо ангезаи сиёсидошта эълон мекунанд. Дар иттиҳомоти эълоншуда ҷуз факту далел ва шоҳидони воқеӣ дигар ҳеҷ ангезае вуҷуд надорад. Лекин ин хабисон ҳеҷ гоҳ гуноҳи худро эътироф намекунанд. Агар онҳоро дар рӯзи равшан бо ҷурме дастгир кунем, дарҳол эълон медоранд, ки ин туҳматҳои ҳукумат аст. Дар ҷавоб ба ин даъвоҳои ҷабрдидагон Муҳаммадиқболи Садриддин чӣ мегуфта бошад, аллакай маълум аст. Ӯ мисли дигар ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ ба гуноҳаш иқрор намешавад. Мирзоева Гулрухсор - Мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-10-2020, 12:38:34 | Диданд: 33