МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Наздик аст он рӯз, ки хоинони миллат дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Наздик аст он рӯз, ки хоинони миллат дар назди қонун ҷавоб мегӯянд.

Наздик аст он рӯз, ки хоинони миллат дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Дар асл, аз байни ҳамаи наҳзатиҳои ҷинояткор, ки имрӯз аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда, дар кишварҳои аврупоӣ бо сад намуд гадоию ҳақирӣ сукунат доранд, ифротитарину мутаассибтаринашон Муҳаиммадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз қаллобиаш низ ошкор гардидааст. Тамоми маводи таҳия ва дар сомонаҳои интерентӣ нашркардаи ин палиди касиф аз туҳмату таҳқир иборатанд. Вай аслан ягон андешаи дурусти инсонӣ надорад. Тарзи андешаронӣ, баёни афкораш аз мубаллиғони ДИИШ тафовут надорад, балки аз онҳо ҳам бадтар аст. Маълум аст, ки тарзи ҳаёти ҳар як инсон дар давраи хурдсолию навҷавониаш ба ташаккул ёфтани шахсият ва ҷаҳонбинии минбаъдаи ӯ таъсири амиқ мерасонад ва нақши муҳим мебозад. Албатта М.Садриддин ҳам истисно нест ва хислатҳои манфии вай, аз ҷумла ниҳоят хашмгинӣ, ифротгароӣ, дар ҳама душман ҷустан, нотавонбинӣ, бадхоҳиаш ба миллату кишвар ба давраи бачагиаш марбутанд. Яъне тарзи тафаккури ҷинояткорона вай натиҷаи он садамаҳоест, ки дар хурди ба рӯҳу равони ӯ таъсир гузоштааст. Дар давраи наврасиаш падараш ҳамроҳи чанд нафар муллоҳои иртиҷоии дигар як созмони махфии экстремистӣ ташкил додаанд, ки баъдтар он ба ташкилоти террористӣ табдил ёфт. Аввалин ҷаласаҳои пинҳонии ин гурӯҳи табоҳкор маҳз дар хонаи онҳо доир мегардид ва М.Садриддин якбора зери таъсири сахти ин гурӯҳи ифротӣ монд. Вай ба ҷойи он ки мисли дигар ҳамсолонаш дарс хонад, ба варзиш машғул бошад, бозӣ кунад ва шахсияташ ба таври маъмулӣ инкишоф ёбад, ҳар рӯз ақидаҳои ифротгароёна ва зиддимардумии падараш ва ҳамроҳони уро мешунид. Ҳамин тавр, дар мафкураи М.Садриддини навҷавон ифротгароӣ, хурофот, инсонбадбинӣ, душманӣ варзидан ба давлату миллат ҷой гирифт. Аниқ аст, ки имрӯз яке аз наҳзатиҳои террорист - М.Садриддини қаллобу палид заифу нотавон аст ва ноҷавонмардона тавассути расонаҳои хабарии ифротӣ бар зидди давлату миллати мо дуруғу туҳмат паҳн мекунад. Ба таври тарсуёна ва буздилона барои манфиати худ дуруғ мебофад ва дигаронро туҳмат мекунад. Аммо бо чунин амалҳои нангин вай сафи ҷиноятҳояшро меафзояд. Дур нест он рӯз, ки ин хоини миллат ба даст меафтад ва он гоҳ дар назди қонун ва мардуми кишвар бояд ҷавоб гуяд. Мирзоева Гулрухсор – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-11-2020, 13:53:20 | Диданд: 484