МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ! Дар асоси гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ роҳбарияти олии имрӯзаи кишвар мехоҳад, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои хурди силоҳдор, тундраву ифротгаро мавҷуд бошанд, то онҳо ба воситаи амалҳои нодурусту зӯроваронаи худ дар ҷомеа фазои нооромию нобовариро ба вуҷуд оварад ва ҳукумат онҳоро саркӯб намуда, аз ин вазъият ба суди худ суистифода бикунад. Ин ба он мазмун аст, ки агар вазъияти амниятии кишвар ноором бошад, дар он ҳолат дар чунин мамлакат ва ҷомеа аз демократия, озодии афкор ва фаъолнокии институтҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтан ва иҷрои пурраи ин равандҳоро талаб кардан чандон дуруст нест. Дар сатҳои гуногуни иҷтимоӣ гурўҳу ҳаракатҳои манфиатў ба хотири пиёда намудани идеяҳои худ, ҳар гунна маълумотҳои беасос ва бардурӯғи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд. Аксарияти гуруҳҳои террористиву ифротӣ, махсусан ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи ҳизби наҳзат, «Гурӯҳи 24» ва «Давлати исломӣ» зиёд намудани пайравони худро маҳз таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ бо усули шўстани мағз ба роҳ мондаанд. Пас мо ҷавонон бояд зираку доно бошему хабарҳои бардурӯғи хоинони миллатро бовар накарда аз тинҷиву аммонии кишвари азизамон назди Худованд шукргузор бошем. Мардуми шарифи тоҷик ва хосса ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоем, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд. Саҳми арзанда ва хизмати шабонарузи ва шуҷоати милли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеъа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёби мегардад. “Беҳуда шоирони бузурги мо гуфтаанд, ки бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасанд. Мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила Н.Неъмонова

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-11-2020, 13:20:17 | Диданд: 24