МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Гуруҳҳои фардие, ки хориҷи аз кишвар зиндаги доранд корашон тафриқаандозӣ ҳасту халос.

Гуруҳҳои фардие, ки хориҷи аз кишвар зиндаги доранд корашон тафриқаандозӣ ҳасту халос.

Гуруҳҳои фардие, ки хориҷи аз кишвар зиндаги доранд корашон тафриқаандозӣ ҳасту халос. Имрӯз хатарҳои терроризму экстремизм, ҷинояткори муташакили фаромарзӣ ва дар ин замина муракаб гардидани вазъи ҷаҳон яке аз мушкилотҳои асосии глобалӣ ба ҳисоб меравад. Мо ҳамагон бояд бидонем, ки ин хоинони миллат ба ҷуз фиребу найранг, куштору ғорат ва ноорому бесубот кардани кишвар дигар нақшае надоранд. Хоинони миллат, аз қабили Кабириву Муҳаммадиқболу ва дигар думравонашон пешрафту ободиҳои Тоҷикистонро дидан намехоҳанд, дарун-дарун месузанд. Ин Худобехабарон дар таърих ҳамчун душману хоини миллати тоҷик ном бурда мешаванд ва насли оянда номи онҳоро бо нафрат ба забон хоҳанд гирифт. Имрӯзҳо мутаъсифона аксари онҳо, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳкоми фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгарӣ, бадқасди, ғайритаҳамулпазирӣ хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафию ахлоқи он бар пояи адолат баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. Ба боварии комил гуфта метавонем, ки имрӯз мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хубӣ дарк намудаанд, ки насиби мо гаштааст, ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳу ва ризоияти миллӣ мебошад. Аз ин рӯ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва нагузорем, ки нохалафе ин фазои ороми моро хароб кунад. Мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки тамоми кушишҳои худро ба харҷ дода таъриху фарҳанги халқу миллати худро донем ва фарзандонамонро барои донистани таъриху фарҳанги худ равона созем. Зеро таърих гувост, ки баъд аз хиёнаткориҳои чунин бадхоҳони миллат ба монанди М.Кабирӣ Муҳаммадиқбол ва дигар ҳамаслакони ин хоинони бадбахт халқу миллати тоҷик боз ба азобу машақат гирифтор мешаваду халос. Аз ин лиҳоз мо бовари дорам, ки мардуми шарафманди миллати тоҷик ҳеҷ вақт бо сафсатаҳои хоинони миллат гуш намеандозанд, чунки аз дасти чунин хиёнаткорон рўзҳои сахту сангинро сарсону саргардониҳо ва нооромиҳорои зиёдро аз сар гузаронидаанду дигар чунин рўзҳои бадро намехоҳанд. Сокини ноҳияи Восеъ: Ё. Алиев.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-11-2020, 13:14:59 | Диданд: 228