МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бедодиҳои толибон дар Моњи май.

Бедодиҳои толибон дар Моњи май.

Бедодиҳои толибон дар Моњи май. Тоҷикистон аз ҳамсояи наздики Афғонистон аст, ки бо ин кишвар беш аз 1300 километр марзи муштарак дорад. Ин ҳамсоягӣ Тоҷикистонро пайваста дар ростои чолишҳои амниятӣ қарор медиҳанд, ки камтарини он қочоқи маводи мухадир ва бузургтаринаш интиќоли нооромиҳои Афғонистон ба Осиёи марказӣ ва махсусан Тоҷикистон аст.равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистондар 15 июли соли 1992 барқарор шудааст. Дар пайи сукути режими Толибон дар Афғонистон дар охири соли 2001равобити Тоҷикистон ба ин кишвар дар бахшҳои сиёсї, иқтисодӣ ва фарҳангӣ густариш ёфта, ба манзури ҳамоҳансозии самтҳоӣ ҳамкори ва роҳҳои тавсияи онҳо миёни ин ду кишвар Комиссияи муштараки байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимои ва техники таъсис дода шуд. Дар шароити феълӣ ҷиддитарин чолиш таљаммӯъи афроди мусаллаҳ дар марзи ду кишвар аст ва ҳамчунин заъфи амниятӣ дар минтақаи марзи Афғонистон, ки дар моҳҳои охир Толибон он маконҳоро дастикам ду дафъа тасаруф кардаанд. Дар як соли охир чандин задухурди нерӯҳои Тоҷикистон ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ва рабудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин сӯи марз ба мушоҳида расидаанд. Ин амали носавоб, ки амнияти марзиро халалдор месозад барои ҳарду кишвари дӯсту ҳамзабон дар шароити кунунӣ мушкилоти зиёдеро пеш меорад. Дарҳамшиканиҳо Толибон имрӯз то ба ҷое расиданд, ки ҳатто ба деҳоти кучак низ ҳамла карда, мардуми бечораро зулму шиканҷа карда, охирин дороии ба яғмо мабаранд. Дар пай доштани тарсу ваҳм куштору ваҳшоният яке аз амалҳои нахуст Толибон аст, ки солҳо боз дар пай он аст. Чанде пеш дар деҳаи Моҳимай, ки дар марзи Дарвоз ҷойгир аст, ҳамлаи Толибон бо мушоҳида расид. Дар деҳаи ором, ки мардум зиндагии хоксоронае доштанд, ваҳшонияти азимеро ба бор оварданд . Мардуми бечораву сарсон дасти тиҳи ва гвнҷури холӣ имрӯз рӯ ба осмон доранд. Акнун онҳо ғами фарзандони кушта ва ғами гуруснагии зимистони дарозро доранд. Ки медонад, ки бо ин ҳол оё то баҳор мерасидабошанд? Ин падидаи хатарзо моро водор месозад, ки марзи худро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем ва ҳарчи аз дастамон бармеояд ба хотири амният ва осоиштагї дареғ надорем. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Восеъ: Маҳмадов Ш

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-12-2020, 13:20:16 | Диданд: 589