МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муҳаммадиқболи Садриддин ба дуруғ ва сафсатаҳояш ба мақсад намерасад.

Муҳаммадиқболи Садриддин ба дуруғ ва сафсатаҳояш ба мақсад намерасад.

Муҳаммадиқболи Садриддин ба дуруғ ва сафсатаҳояш ба мақсад намерасад. Муҳаммадиқболи садриддин бо овардани асноду далели шаръӣ аз Қуръону ҳадис худро мутадайини ростин вонамуд мекунад ва ба гулзании хонанда мепардозад. Ин одати ҳамешагии хурофотиёни мазҳабист ва ҳамчун вижагии ҳувияти М.Садриддин. Гурўҳҳои созмонҳои экстремистию террористии мазҳабӣ, ки аз номи ислом баромад карда, ба қатли бегуноҳҳон сари кор мегиранд, далелҳои куштору тарсафканиашонро бар маънои сарчашмаҳои исломӣ меоваранд. Агар шумо, ки худро муъмини ростин ва мусалмони яқин медонед, ба сарчашмаҳои фикрӣ ва идеологии созмонҳои террористии исломӣ таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки кули амалкардҳояшонро, ки мунҷар ба қалу куштори ҳазорон-ҳазор нафари бегуноҳ мегарданд, бар асоси далелҳои шаръӣ исбот мекунанд. Бинобар ин овардани мисолҳо аз Қуръон ҳоло далел шуда наметавонанд, ки террористони мазҳабӣ бидуни поя ва мадраки исломӣ инфиҷор анҷом медиҳад ва одам мекушанд. Вақтҳои охир бо мақсади бадномсозии кишвари аҷдодии худ аз ҳар роҳу восита истифода мебаранд. Аз ҷумла дар атрофи чизе набуда овозаю ҳангома паҳн месозанду аз дур истода натиҷаи онро тамошо мекунанд. Мухолифони давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол умед ба он доран, ки бо туҳмату буҳтонҳои бофтаю хаёлиашон як навъ карда вазъи ҷомеаро ноором месозанду аз ин истифода бурда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ 20 сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ: Маҳмадов Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 08-01-2021, 09:15:47 | Диданд: 256