МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Тоҷикистон кишвари озодагон

Тоҷикистон  кишвари  озодагон

Тоҷикистон кишвари озодагон Дар асри ХХ1 зиндагии мардуми сайёра ҳар қадар боло меравад, бо ҳамон қадар мушкилотҳои дигари ҳалталаб пешорӯ меояд. Яке аз ин масъалаҳои ба миён омада, ки мардуми сайёраро ба таҳлука андохтааст, амалҳои номатлуби гурӯҳҳои ифротӣ мебошанд. Ҳаррӯз мардуми сайёра бо воситаи расонаҳои хабарӣ аз амалҳои манфури онҳо воқифанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳоро мо дар мисоли кишварҳои Сурияю Миср, Фаластину Афғонистон баръало дида метавонем. Илова бар ин боз шоҳиди онем, ки дар кишварҳо низ амалҳои террористӣ рӯх медиҳаду зиндагии осоиштаи мардуро ноором мегардонад. Боиси хушнудии мо тоҷикон аст, ки пас аз ба имзо расонидани сулҳи тоҷикон-соли 1997 кишвари тозаистиқлоли мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат сулҳу фазои ягонаи сиёсиро ба даст овард. Ҳоло мувофиқ ба рӯйхати Созмони миллали мутаҳид кишвари мо 8- умин кишварест, ки дар он сулҳу субот пойдор аст. Мо ба ин ифтихор ҳам дорем. Гурӯҳи сиёсатбозон дар расонаҳои хабарию шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳарроҳ кишвари моро бо буҳтонзаниҳои худ бадном менамоянд, ки ҳеҷ гуна заминаи воқеӣ надорад. Мо тоҷикон, ки ҳоло дар остонаи ҷашни 30- солагии истиқлолият қарор дорем миёни дӯсту душман фарқ мегузорему бо ба ҳеҷ гуна дасисабозиҳо эътибор намедиҳем. Дар мо дин ҳам озо асту матбуот ҳам ва ҳама воқеиятҳи зиндагиро да саҳифаҳои матбуоти кишвар эҳсос менамоем. Ободии кишварамон ин шодию хушбахтии арзандони мосту ояндаи дурахшони онҳо. Коргузори Шуъбаи маорифи ноњияи Восеъ Исоев Антон

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-01-2021, 14:08:43 | Диданд: 232