МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд. Дар Тоҷикистони азизи мо рӯз аз рӯз пешравиҳои зиёде ба назар расида, ободию зебоӣ, мардумаш худро озодтару хушбахт, дар фазои тинҷу ором дида бо шукургузории зиёд умр ба сар бурда истодаанд. Ин ҳама пешравиҳову хушбахтиҳо душманони ин миллатро аз қабали Муҳаммадиқбол ба кибру ғурур оварда, дур аз ватани азизи мо бо пайравии хоҷагонашон истода, чи гуфтану чикор карданашонро баҳри халалдор намудани амнияти миллии мо намедонанд. Ман ба душманони миллат аз қабили Муҳаммадиқбол, ва дигар ҳамаслаконаш бо пайравии хоҷагонашон муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда кушиш нанамоянд, ки ба ин давлат баргаштану ҳукмрони карда наметавонанд. Чунки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд. Халқи тоҷик хизматои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон –ро ҳеҷ гоҳ фаромуш намекунад. Мақсаду мароми миллат амнияти миллиро барои мардуми Тоҷикистон таъмин намудан ва сатҳи зиндагии шаҳрвандонро баланд бардоштан аст. Бояд қайд намуд, ки мақомотҳои қудрати шабу рӯз баҳри амнияту суботи мардуми кишварамон хизматҳои шоиста намуда, талош бар он менамоянд, ки он шахсоне, ки бо ниятҳои ғаразноки худ дар ин ё он минтақаи Тоҷикистони азизи мо баҳри халалдор намудани амнияту суботи мардум таблиғоту ташвиқот бурдан мехоҳанд мубориза бурда тамоми чораҳоро меандешанд, то ин, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар ин ҳавои беғубори ин ватан озодона умр ба сар баранд. Мардуми тоҷик ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки Тоҷикистони ҳамагӣ вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсану офарин мехонанд. Бигзор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем. Сокини ноҳияи Восеъ: Ализода. Ё.С

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-02-2021, 13:55:45 | Диданд: 197