МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Наҳзатиҳо дурӯяанд!

Наҳзатиҳо дурӯяанд!

Наҳзатиҳо дурӯяанд! Ҷаҳони муосир дар панҷаи абарқудратҳо, ки кӯраи оташинро мемонадба задухурдҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иттилоотӣ мекӯшад ва рӯз то рӯз шадидтар гардида истодааст. Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест. Зеро душманони миллат, аз ҷумла саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шудааст, дар хориҷи мамлакат дар кишварҳои Аврупоӣ маскан гирифта, тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо дурӯғи бӯхтон санг мезананд. Бо ин амалашон мехоҳанд фазои амну суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созанд. Нуқтаи назарее, ки дар шабакаи «Радиои озодӣ» ба наздикӣ соп шудааст далолат ба ин аст, ки ТЭТ ҲНи амалҳои ношоиста ва зидди миллии давлатии худро фараҳтар идома дода истодааст. Аз ин матолиб бар меояд, ки дар кишвари Афғонистон дар сафи дигар неруҳои мусаллаҳи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротию террористӣ сарбозони ҲНИ шомиланд. Ин нуқтари Аҳмадзиё Сироҷ, роҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон оид ба натиҷаҳои «Конфронси минтақавии муборизаи алайҳи терроризм» қайд намуд, ки 6-10 ҳазор ҷангиёни ҳизбҳои террористӣ бо гуруҳи «Толибон» дар шимоли Афғонистон омодагӣ мебинанд ва миёнашон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ низ ҳастанд. Ҳарчанд ин нуқтаро сухангуи ҲНИ Бобоҷон Қаюмов «ғайримасъулона ва дурр аз воқеият» баён намудааст, вале таърихи начандон дурр собити он аст, ки саркардаҳои ҲНИ шахсан Муҳиддин Кабирӣ борҳо дар дар гуфтору амал як набуданашро аён сохтааст. То соли 2015 ҲНИ дар дохили кишвар ҳамчун ҳизби парлумони амал мекард, аз ватандустию демократия, ҳисси миллӣ, сулҳу ваҳдат ҳарф мезад, вале ботинан нақшаҳои харобкорӣ, барҳамсозии сохти конститутсионӣ ва нооромсозии фазои давлатро дар сар доштанд. Ин буд, ки дар ошуби генерал-Ҳалим Назарзода ҳамроҳ гашт ва аз нахустин имконияти пайдошуда зидди халқу Ватан хест. Боз ҳам нақшаву мақсадҳои калони худро Кабирию ҳамроҳони ҳизби мамнуъ – ҲНИ пинҳон медоранд. Ҳамоно аз муборизаҳои қонунӣ, аз демократия ҳарф зада, сиёсатмадорони аврупоиро чапғалат андохта, худро «паноҳталбандагони сиёсӣ» пиндошта, бо Ватану ҳаммиллатони хеш ҷангҳои иттилоотиро пеш мебаранд. Ҷамъовардани неруҳои мусаллаҳи ҲНИ дар сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар кишвари Афғонистон, дар марзи тулонии беш аз 1400 км бо Тоҷикистон мақсадҳои сиёсӣ наҳзатиён аст. Аммо башарият ҳеҷ гоҳ сияҳтинатонро дастгири накардааст. Бо ин мақсад баргузории ҳамоиши минтақавӣ бо ширкати сарварони кумитаҳои амнияти ҷумҳуриҳои Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Амрикову Чин ва роҳандозӣ шудани ҳамоҳангӣ ва ҳамкории истихборотӣ ва амниятӣ дар роҳи мубориза бо терроризми байналмиллалӣ далели эътимодбахш аст, ки ҳеҷ неруи аҷнабиё ба фазои ороми Тоҷикистони мо халал ворид карда наметавонад. Бо ин ҳама зарур аст, ки ваҳдати мардумӣ мо қавитар бошад, ҳушёру зирак бошем ва ҳамеша дщар ҳифзи Ватан бошем! Субҳон Раҷаб

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-02-2021, 14:24:27 | Диданд: 183