МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бӯҳтонзанӣ ба сари миллати хеш далели бешарафист.

Бӯҳтонзанӣ ба сари миллати хеш далели бешарафист.

Бӯҳтонзанӣ ба сари миллати хеш далели бешарафист. Вокуниш: Дар замони кунини ҳамаи мо оғоҳ ҳастем, ки тариқи шабакаҳои интернетӣ хоинони миллат баҳри манфиатҳои худ ба сари миллати тоҷик, ватану зодгоҳи худ бӯҳтону маломатҳои зиёд мезананд, ки яке аз ин ашхоси буздилу риёкор Муҳаммалиқболи Садриддин мебошад. Дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ, Ватану миллат ва падару модари худро фурӯхта, бо роҳи дуррӯғбофию бӯҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном сохтани ин зумраи хиёнатпеша ва чандин оқипадарони дигар далели бешарафии онҳост. Ин беиқболи нотавон аз мунофиқтарин ашхоси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ маҳсуб ёфта, имрӯз бо суханҳои иғвоангези худ чандин нафарро бахусус ҷавононро ба доми худ афтондааст. Номбурда худро донандаи асили ислом муаррифӣ намуда, аз дину диёнат сухан карда, мардумро ба гумроҳӣ мебарад. Ин хоини ватанфурӯш пеши худ мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ тӯҳматнома нависад. Ӯ аз субҳ то шом бо гирд кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар машғул аст. Ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст. Агар Муҳаммадиқбол заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ватанашро бо дил дӯст медошт, чунин тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи чеҳраҳои маъруфи кишвар намекард. Хулоса ба ин нафарон гуфтаниам, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем, чунки Пешвои маҳбуб дорем. Миллати моро шикаст доданд амрест маҳол, зеро мо муттаҳиду сарҷамъ ҳастему ба фиребу дурӯғҳои ин хоинон дода намешавем. Дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои маҳбуби миллат баҳри тинҷиву осоиштагӣ, ободиву зебогии диёр талош менамоем. Мирзоева Г, сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-01-2023, 12:50:51 | Диданд: 136