МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ОСУДАГИИ МОРО НАМЕТАВОНАНД ХАЛАЛДОР СОЗАНД.

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ОСУДАГИИ МОРО НАМЕТАВОНАНД ХАЛАЛДОР СОЗАНД.

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ОСУДАГИИ МОРО НАМЕТАВОНАНД ХАЛАЛДОР СОЗАНД. Имрӯзҳо ҳамаи мо хуб медонем, ки ифротгароёни халқи тоҷик садои шағолмонанди худро аз манотиқи гуногуни дунё тариқи шабакаҳои интернетӣ бароварда истодаанд. Гарчанде, ки онҳо дар мамлакати мо қарор надоранд, бо вуҷуди ин, онҳо аз берун зарари худро ба кишвари орому осудаи мо расониданианд. Яке аз душманони давлати Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Садриддин аз берун истода заҳри худро ба мардуми тоҷик ба монанди мор мечошад, ки аз амалҳои маккоронаи ӯ кулли мардум ва мақомотҳои дахлдор бохабар аст. Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садриддинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи «Ислоҳ.нет» дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Айни замон Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону балегӯёнаш, ки М.Садриддин яке аз онҳост, бо корбурди тамоми маҳорати тӯли солҳо аз сарпарастони хориҷӣ омӯхтаву андӯхтааш талош дорад, ки бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Онҳо чунин вонамуд мекунанд, ки гўё барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи ҷомеаи мо саъй карда, роҳи раҳоии кишварро аз бунбасти мушкилотҳои мавҷуда нишон медиҳад. Мақсади аслиашон аз роҳандозии ин ҳама корҳо он аст, ки бо фазосозӣ дар дохили кишвар ва бо ҷалби таваҷҷуҳу кумаки нерӯҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ дигарбора дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳузур пайдо кунанд, аммо ин ҳарфҳову ҳадафи онҳо идомаи ҳамон хаёлпардозиҳояшон аст. Вале, яқин бояд М. Садриддини хоин ва дигар пайравонаш бидонанд, ки тири онҳо кайҳо хок хурдааст. Дигар ҷавонону абармардҳои кишвар ба дуруғу найрангҳои шумо дода нашуда, ҳар як порча замини кишварро ҳифз менамоянду баҳри пешравӣ ва тараққиёти ватани азиз лозим ояд ҷони худро нисор менамоянд. Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-03-2023, 16:41:35 | Диданд: 104