МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сарзамини мо нанги мост

Сарзамини мо нанги мост

Сарзамини мо нанги мост Башарият дар вазъияти рушди технологияи иттилоотӣ маълумот нисбати тамаддун ва таърихи ҳар як давлат дорад. Онҳо худ баҳогузорӣ менамоянд аз руи қадими будани миллат ва фарҳанг. Дар шароити кунуни барои бисёр шудани хонандагонашон сомонаҳои итиилоттӣ нисбати ҳар як давлат маълумот ҷой медиҳанд. Ҳатто аз ҷониби барномаи сайёҳии “Орёл и решка” кишвари офтобруяи мо аз лиҳози самимияти мардум, амн баҳои баландеро гирифт. Мо таърихи чанд ҳазорсола дорему ҳазор сол пеш сарзамин ва давлати худро доштем. Имрӯз, ки ба мо аз сарзамини аждодии хеш гӯшаи расида бошад онро низ пос медорему ҳифзаш менамоем. Давлати мо кишварест, ки дар муносибатҳои дипломатӣ ва байнисарҳадӣ бо азму талоши сулҳҷуёна фаъолият мебарад. Мо бо тамоми давлатҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстона дошта ва ин робитаҳоро ба дигар давлатҳои байналмилалӣ таблиғу ташвиқ менамояд. Кишвари мо айни ҳол ҳимояи марзи худро имконият дорад ва дар ин самт тамоми чораҳоро меандешад. Дар самти пурқувват намудани неруҳои марзбонии сарҳади ҳамасола дар кишвар машқҳои ҳарбӣ ташкил ва гузаронида мешавад. Дар ин машқҳои ҳарбӣ тамоми техникаву яроқҳои ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуда ва он ба таври амалӣ истифода мегардад. Мо имруз ифтихор мекунем, ки шароити сарҳадбонии мо хуб гардидааст ва неруҳои мо қудрати ҳимоявии онро доранд. Ҳодисаи рӯзҳои охир собит намуд, ки ин мардум барои дифои ҳар як ваҷаби замини худ омадаанд ва барои ҳифзи он ҷони худро дараеғ нахоҳанд дошт. Дар ҳодисаҳои рӯзҳои охир тамоми қишри ҷомеаи Тоҷикистон ба по хеста барои ҳифзи ҳар як ваҷаби кишвари худ мавқеи худро муайян намуданд. Онҳо изҳор карданд, ки дар муносибат бо давлатҳои ҳамсоя самимӣ мебошанд дар ҳолати ғасби сарзаминашон бо хунсарди дар муноқиша мешаванд ва намегузоранд, ки душман пойи нохалафи худро дар ин сарзамин гузорад. Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 31-03-2023, 10:20:46 | Диданд: 138