МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳapгyнa ҳизбу харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ мебошанд.

Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳapгyнa ҳизбу харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ мебошанд.

Имрўзҳо шахсоне, ки мардумро ба гypўҳҳo ҷудо мекунанд ин ҳapгyнa ҳизбу харакатҳои террористию ифротгароӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ мебошанд. Ҷаҳони муосир дар панҷаи абарқудратҳо, ки кӯраи оташинро мемонад ба задухурдҳои иттилоотӣ тавассути шабакаҳои иттилоотӣ мекӯшад ва рӯз то рӯз шадидтар гардида истодааст. Имрӯз, ки башарият бо таҳдидҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ рӯ ба рӯ шудааст, Тоҷикистони мо низ, ки узви ҷомеаи ҷахонист аз ин хатарҳо эмин нест. Зеро душманони миллат, аз ҷумла саркардаҳои ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияти он дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шудааст, дар хориҷи мамлакат дар кишварҳои Аврупоӣ маскан гирифта, тариқи шабакаҳои иттилоотӣ бо дурӯғи бӯхтон санг мезананд. Бо ин амалашон мехоҳанд фазои амну суботи ҷомеаи тоҷикро халалдор созанд. Яке аз масъалаи ҳассосу даҳшатангезе, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷахонӣ гардидааст, ин паҳншавии босуръати терроризму экстремизм аст. Ифротгароӣ имруз ҳамчун ҷинояти байналмилалӣ доман паҳн намуда, тамоми марзҳоро убур карда истодааст. Мутаассифона, аз хуруҷи чунин равандҳои мудҳишу номатлуб шаҳрвандони мамлакати мо низ ба канор нестанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Мо ҷавонон бояд , ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Сокини ноҳияи Восеъ Ашуралиев Ю

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 01-06-2023, 15:46:00 | Диданд: 132