МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ҶАҲОНӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ҶАҲОНӢ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ БУЗУРГИ ҶАҲОНӢ Вокуниш: Яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрӯза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро аз решааш хушк намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад. Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳо дар канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст. Дар ин робита, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!».Террорист–террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Бинобар ин, дар шароити пешомада, танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин хатар бошад. Хушбахтона, дар солҳои охир мақомоти сиёсию қудратии кишвар, ташкилотҳои динию ҷамъиятӣ бо дарки ин хатари маргбор барои пешгирии гароиши ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо талошҳои ҷиддӣ ба роҳ мондаанд . Омӯзиши раванди коргузорӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки агар равиши таблиғу ташвиқот дар ин масъала такмил ёфта, моҳияту хатари ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба мардум ба таври боз ҳам мушаххастару соддатар фаҳмонида шаванд, ин кӯшишҳои давлат ва ҷомеа натиҷаи дучандон хоҳанд дошт. Яъне, худи сода намудани баён ва ба таври возеҳ бозкушоӣ кардани моҳияту хатари ин гурӯҳҳо барои мардум яке аз вазифаҳои бисёр муҳим дар мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм мебошад.Хулоса ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро мебояд баҳри ҳифзи ватан аз ин хатарҳои муосир камари сидқу садоқат бандад ва баҳри пойдории сулҳу субот ва амнияти миллӣ содиқона ба ватан хизмат намояд. Хусусан ҷавонони меҳанро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода фирефтаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нашаванд.Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намуда, манфиатҳои шахсиро дар зинаи охир бимонем ва ҳамеша дӯстдори Ватани маҳбубамон бошем. Мо дар якҷоягӣ метавонем бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Пас даст бар дасти ҳам монда кӯшиш намоем, баҳри муҳофизати ин марзу бум ҷони худро дареғ надошта, содиқонаю софдилона хизмати арзандае намоем. Шодибеги Иди-Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-06-2023, 11:52:53 | Диданд: 126