МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ба ҳарфи ноҷо гӯш наандоз

Ба ҳарфи ноҷо гӯш наандоз

Ба ҳарфи ноҷо гӯш наандоз Мо борҳо баромадҳои Пешвои муаззами миллатро дар самти мубориза ба муқобили гурӯҳҳои ифроти шунидаем ва ин нукта моро водор месозад сари ҳар қадам биандешем, ки кӣ бо мо дӯст асту бегона ва бидонем,ки думболи кӣ биравем. Ба сухану гуфтаи кӣ гӯш диҳем ,ки кишварамон ободу зебо гардад. Аз бадгӯиҳои душманон дар дифои Ватан саҳме дошта бошему дар ободии ваҳдати ҳамешагии кишвар саҳмдор. Дар замони кунуни, ки ҷангҳои иттилоотӣ ба авҷи аълои инкишофи хеш расидаасту давлатҳои дунё ҳадафи гуфтори иғвоангезонаи онҳо қарор дорад ва Тоҷикистони азизи мо низ аз ҳамлаи идиологӣ дар канор нест, мо бояд дар ин марҳилаи ҳасоси сиёсӣ дар канор наистода ба дифои кишвари худ омода бошем ба суханони иғвогаронаи ин гурӯҳҳо ҷавоби сазоворе бидиҳем. Чанде пеш мо мардуми ин диёри биҳиштосо ҷашни 32-соли соҳибистиқлолии кишварамонро дар сатҳи баланд таҷлил намудему ба он дастоварҳое ноил гаштем, ки ба чандин даҳсолаҳо баробар аст. Аммо ҷои таассуф аст, ки қавми иғвоандоз ин ҳамаро нодида гирифта ҳамоно дар боби кишвари мо бадгӯиҳо менамоянд. Ман ба ҳама мардуми шарифи тоҷик ва тоҷикистонӣ инро гуфтаниам, ки дигар фирефтаи ин суханони иғвоангезона нашуда шукронаи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ободию осудагии кишвари азиз намоем. Мо як маротиб фирефтаи суханони ин тоифа одамон шуда кишварро ба ҷанги таҳмилӣ кашидему то ҳанӯз доғ аз он дар дил дорем ва бояд дигар дар ин самт қадам дониста гузорем, зеро тоҷикон мақоли хубе доранд « Аз шир, ки сӯхтӣ дуғро пуф карда менушӣ». Мо дигар ба касею чизе эътибор надода, бо тамоми ҳастӣ баҳри оромию осудагии кишвар ва зиндагонии шоистаи мардумамон мубориза мебарем. Дар охир бо ҳама мардуми азизам онро таъкида мегӯям, ки ба суханони касе гӯш надода аз паи зиндагонни бофайзу бобаракати худ бошанд ва аз забони шоир мегӯям: «Мо Ватан дорему онро посбонӣ мекунем». Мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Шарифов Файзалӣ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-09-2023, 16:32:46 | Диданд: 142