МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем.

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем.

Биё то ҷаҳонро ба бад наспарем. Ҳар гоҳ сухан аз боби террориз ва амалҳои манфури он меравад, ҳодисаҳои солҳои 90-ум асри гузашта рухдода пеши назарам меояду шукрона аз он менамоям, ки ҳодисаи даҳшатбор дар кишвари мо дар андак муддати таърих ҳалли худро ёфт ва бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат ҳалли мусолиҳаомези худро ёфт .Мо мардуми тоҷик, ки як маротиб ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ифроти афтода муқобили ҳам сангар гирифта будем, дигар ҳаргиз ба ин рафтори ғаразноки ин гурӯҳ роҳ намедиҳем. Вале ҷои афсусу надомат аст, ки бархе аз шахсиятҳо аз паи ободии кишвари хеш набуда манфиати худро аз миллату давлат боломедонанд, барои пораи ноне ба даст оварда дар ҳақи кишвари худ, миллати хеш бадгӯи намуда оромии кишварро халалдор месозанд. Чунин суханони ғаразнок нисбат ба кишвари мониз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ садо медиҳад, ки ҳеҷ гунна заминаи воқеӣ надорад. Ман дар инҷо ба мардуми шарифи тоҷик гуфтаниам, ки ҳеҷгоҳ фирефтаи суханони ин тоифа одамон нагашта ба воқеияти зиндагии хеш бинигаранд, ки дар даврони истиқлолият сатҳи зиндагониашон то ба кадом зина баланд рафтааст. Пойдории сулҳу ваҳдат асоси пешравии ҳама соҳаҳои кишвар мебошад, сулҳу ваҳдати мо тоҷикон буд, ки то ба ин мақом расидаем мардуми мо доимо толиби сулҳу дӯстӣ мебошад ва ин маъни дар навиштаи шоири тоҷик М. Турсунзода хеле бо маврид садо додаст: Сулҳ гӯӣ чун гули хандон шавад, Ҷанг гӯӣ аз ғазаб туфон шавад. Мо бояд моҳияти ватану ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои онро дар ин замони муосир, ки пур аз моҷароҳои сиёсӣ мебошад ба накӯӣ дарк намоему дар ҳифзи он бошем. Нагузорем нотавонбине нисбат ба ин кишвари азизу биҳиштосоямон бадгӯи намояд. Ман хамчун аҳли зиёи кишвар ба мардуми шарифи тоҷик ва дигар мардуми сайёра гуфтаниам, ки доимо аз паи андешаҳои нек то дар ин сайёраи замин бо ҳам дӯстона зиндагӣ намоем. Зеро лаззату кайфият ва оромиш дар шароити сулҳу суббот ва ҳамдигарфами дигар аст. Мушовири шуъбаи маориф Арабов Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-09-2023, 16:34:43 | Диданд: 168