МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони Ватан роҳгумзадаву асолатбохтаанд.

Хоинони Ватан роҳгумзадаву асолатбохтаанд.

Хоинони Ватан роҳгумзадаву асолатбохтаанд. Вокуниш: Ҳар кореро оғоз ва анҷом аст. Хусусан, ҳиллаву найрангҳои бешарафон. Аллакай чунин лақаб маълум шуд, ки сухан дар мавзӯъи чӣ ва кӣ меравад. Ин тоифа бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиашон ҳар гуна созмону паймонҳо ташкил намуда, дар амалисозии ҳадафҳои хоҷагонашон саҳм мегузоранд. Ба ин гуна афрод метавон як нафар хоинро бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин шомил намуд, ки бо тамоми ҳастии пасту палидаш нисбати Тоҷикистону мардумаш нафрат дорад. Нисбати ҷиноятҳои ин шахс ва хиёнатҳои ӯ чандин маротиба матлабҳо ба нашр расидаву табиати аҳримании ӯ борҳо ифшо шудааст. Айни замон чунин нотавонбинон одати худро тарк накарда, аз хориҷ сӯи Ватан сангандозӣ доранд. Аъмоли нопоки Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки бо сафсатагӯйиаш масхарабози рӯи ҷаҳон гардидааст. Муҳаммадиқбол ба ҷуз хиёнат ба миллату Ватан ва дини поки Ислом дигар ҳеҷ кор намекунад. Ҳадафҳои нопоки ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин сирф ғаразнок ва дурӯғи маҳз аст. Ӯ, ки Ватанро таҳқир менамояд, хоини халқу миллат, оқшудаи Ватан аст ва ҳуқуқи ин сарзанишу маломатро надорад. Хуллас, Муҳаммадиқболи Садриддин бо ҳамаи он ҷиноятҳои содиркарда ва ҳарзагӯиҳои беасосу бедалелаш ҳамаи марзҳоро убур карда, дигар имкони бозгашт ба Ватанро аз даст додааст. Бинобар ин бо таблиғоти дурӯғинаш ақлу шуури ҷавонони ноогоҳ, бахусус муҳоҷирони меҳнатиро бо барномаи “Минбари муҳоҷир” дуздида, ба худ сипар сохтанист. Аммо мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар аз як гиребон сар бароварда намегузорем, ки шахсони ба Муҳаммадиқбол, Кабирӣ монанд бо гуфтаҳои нохалафонаи худ фикрҳои моро парешон намоянд, бояд дастҷамъона, оқилона зери партаву супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаракат менамоем, чунки мо пайрави Пешвои созандакор ҳастем. Шодибеги Идӣ-аъзои фаъоли ҲХДТ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-09-2023, 16:36:10 | Диданд: 130