МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ваҳдати мо самара дод.

Ваҳдати мо самара дод.

Кишвари азизи мо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ тараққӣ карда, дар бештари соҳаҳо дигаргунии куллӣ ба амал омад. Аз ҷумла дар муносибати хориҷи бо бештари кишварҳои тарақикарда созишномаҳо баста шуд.

Вобаста ба тезонидани корҳо ва беҳтар намудани соҳаҳои гуногуни давлатдори кумита ва ташкилотҳои нав ба фаъолият оғоз намуданд. Дар натиҷа имконият муяссар гардид, ки дар иқтисодиёт такони ҷиддӣ ба вуҷуд омад.

Имрӯз дар соҳаҳои хизматрасонӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Шукрона бояд кард, ки нисбати 10 сол пеш дар кишвари мо дигаргуниҳо ба вуҷуд омад, ки  ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ замина гузошт.

Имрӯз мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо шуда ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб шудем. Аз ҷиҳати воридот дар қаламрави ҷумҳури соҳибкорон метавонанд барои ташкили корхонаҳои саноатӣ дилхоҳ таҷҳизотҳоро ворид созанд. Дар соҳаи нақлиёт низ мо ба пешрави ноил гардидем. Аз ҷумла ба вилоят ва ноҳияҳое, ки дар фасли сармо имкони рафтан набуд дар ҳолати сохтмони нақб ва роҳҳои баландсифат мо аз ин мушкилӣ раҳо ёфтем.

Имрӯз дар  муддати кӯтоҳ метавонем аз як гӯшаи Тоҷикистон ба гӯшаи дигараш озодона рафтуомад кунем, ки ин самараи Ваҳдат, ягонагӣ ва истиқлолият мебошад.

Дар баъзан маврид мухолифон мехоҳанд, миёни Мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иғво андозанд. Лек ин мардум бо иродаи қавиашон ба гапҳои ғаразноки душманони миллат гӯш намедиҳанд. Тоҷикистон Ватани ҳамаи Тоҷикистониён мебошад.       

 

 

Хатлоншоҳи М-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

 

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-05-2019, 13:17:08 | Диданд: 453