МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ин ҷаҳонро ба бад насупорем!

Ин ҷаҳонро ба бад насупорем!

Мавзўи терроризм ва экспорти он ба дигар давлатҳо аз масоилоти глобалии ҷаҳонӣ муосир аст. Воқеан ҳам созмонҳои Террористи дар ибтидои қарни 21 хело афзоиш ёфта амнияти кишварҳои мухталифро зери таҳдиди ҷидди қарор доданд. Вақте, ки дар кишварҳои шарқи наздик бахусус дар Шом(Сурия), Афғонистон ва Фаластин рух медиҳад, гуфтаҳои болозикргардида.

Боиси Таасуф аст, ки ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба ҳалли ин масъала ҷидди сару кор намегиранд, манбаҳои ба маблағтаинкуни онҳоро сари вақт фош намесозанд. Вақте, ки дар ин хусус андеша мерондем сухани шоири Доғистон Расул Гамзатов ба ёдам омад: «Халқи худро дўсти бузург мебояд» - гуфта буд Абутолиб дар соли 1941 Воқеан ҳам имрўзҳо дар ин ҷаҳони пур озору пур аз ихтилоф ҳаммаи мардуми оламро дўсти мебояд, то ба ин иттиҳоди хешзоди роҳи амалҳои терроризмро гиранд.

Таърихи инсоният худ гувост, ки дар тулии дараҷаи таърихи гуруҳҳои ифродгароию тундрав чӣ бадбахтҳое ба сари инсоният наёвардааст, вале ҳар маротиб ҳақиқат рўи об меояду ҳақ ба ҳақдор мерасад. Зеро ин ваъдаҳои Худованди пок асту расули Ў. Худованд дар сураи Ниссо мефармояд: «Эй муъминон Аллоҳро итоат кунед ва итоат кунед расули Ўро ва соҳибони  амреро ки аз худатон ҳаст»

Ба дурусти ин ояти Қуръон, ки мо худ шоҳидем ва ҳаммаи аҳли Тоҷикистониён итоатгари амри Худо ва паёмбари Ў ва пешвои муаззами миллат мебошем. Ва ҳамин итоатӣ ба суханони Аллоҳ мебошад, ки кишвари ҷангзадаи мо ба зуди аз ҳалқаи марговар роҳҳо ёфт ба сўи амну суббот қадам гузошт . Мо мардуми тоҷик дар боби мубориза ба терроризм ва дигар гуруҳҳои ифроти, пайрави Пешвои муаззами миллати худ буда, доимо хоҳҳони онем, ки дар саёраи замин хусусан Тоҷикистони азизамон сулҳу салоҳ бошаду ваҳдати байни миллатҳои олам. Дар ин боб шоир М.Турсунзода хело бо маврид гуфтааст;

Сулҳ бошад бигзарад нон бемалол,

Аз гулуи халқ дар ҳаргуна ҳол.

Ё худ ҷои дигар мегуяд;

Сулҳ амалии фарзанд бувад,

Хотири ҷамъи куҳансолон бувад.

Дар фароварди навиштори хеш ба аҳли кишвар ва хусусан ба ҷавонон гуфтанием, ки чун гузаштагони хеш ин марзу бумро дўст доранд, фирефтаи ҳаргуна таблиғоти дуруғин нашаванд, аз шахсони содаю зудбовар набошед. Дар ин боб боз рў меорем ба яке аз оятҳои сураи Қуръони: «Эй касоне, ки имон овардаед агар фосиқе бароятон хабар овард таҳқиқ кунед аз рўи нодони ба мардуме осебе бирасонед, огоҳ аз коре ки кардаед пушаймон шавед». Мо набояд фаромуш созем, ки як гушаи имон ин ватандори ва дўст доштани ватани азизамон  аст.

 

Нозир-коргузори шуъбаи

маорифи ноҳияи Восеъ                                                        А. Исоев

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-07-2019, 13:39:52 | Диданд: 496