МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Суботи ҷомеа неъмати бузург аст

Суботи ҷомеа неъмати бузург аст

Дар ҷаҳони муосири мо ҳар як инсони солимфикрро водор месозад, ки баҳри суботи оромии ҷомеа кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро руйдодҳои солҳои охир моро водор месозад, мо бояд зиракию ҳушёриамонро аз даст надода ай паи ободии Ватанмон бошем. Нооромие, ки дар минтақаи Воррух рух дода истодааст, ин ҳама бо ёрии баъзе нохалафон мебошад. Дар онҷо шахсиятҳое ҳастанд, ки нотинҷии ин кишвари азизамонро мехоҳанд.  Тоҷикистони азизамон бо суръати баланд рӯ ба тарақи рафта истодааст, лек баъзе шаҳрвандон кушиш ба харҷ дода истодаанд, ки кишвари азизамон мисли солҳои 1992 ба пасти занад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуд, ки ҳамеша тарафдори сулҳу оромии ҷомеа, якдигарфаҳмиву пос доштани анъанаҳои миллии хеш бошем.

Пас мо бояд ба фитнаангезии баъзе нохалафон аҳмият надиҳем чунки онҳо шахсоне мебошанд, ки Ватани худро қадр намекунанд, шахсе, ки ватани худро қадр намекунад дар осмони софи беғубор, тинҷиву осудагии ватанамон ҳақи истиқоматро дар ин кишварамон надоранд.

Дар охир ҳамаи ҳамватанонамонро  ба мутаҳид шудан, баҳри ободии кишвар кӯшишҳо ба харҷ диҳем ки нохалафон ба давлату миллати мо теша ба реша назананд.

Назарова Ҳамида-сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-07-2019, 12:18:54 | Диданд: 447