МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Амали зишти душманон

Амали зишти душманон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар амалҳои созадааш талош намуд, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳури инфрасохтори сайёҳӣ ташкил карда шавад. Дар ин замин қарор ва дигар барномаҳои дахлдорро таҳия ва қабул намуд. Тавре бештари нафароне, ки хориҷи кишвар рафтаанд нағз медонанд, ки давлатҳои хориҷ аз ҳисоби сайёҳон маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва ин соҳаро яке аз соҳаҳои афзалиятнок мешуморанд. Дар ин маврид иншоот ва дигар лавозимоти зарурӣ барои сайёҳон ташкил карда шуд.

Бадхоҳон, таннгназарон, ки дар зери хоҷагони хориҷи кор мекунанд сайёҳоне, ки ба кишвари мо тамошо ва сайёҳат омада буданд онҳоро ваҳшиёна мекушанду бо ин амалашон назди хоҷагонашон ҳисобот медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нафароне, ки дар ин куштор саҳм доштанд, тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳо андешид. Дар баробари ин ҷомеа низ тавассути ВАО фикри худро баён намуда, кирдори онҳоро барои давлату миллат хоинона шумориданд.

Аз ин ҳодиса як сол гузашт, сайёҳон боз рафту омадашонро идома дода истодаанд. Яъне амали тангназарон натиҷа надод, зерро боду ҳаво ва манзараҳои Тоҷикистон ҳазорон нафарро ба худ ҷалб месозад. Ва мардуми кишвари мо бар зидди ҳамаи гуруҳҳои террористиву экстремистӣ доимо мубориза хоҳанд бурд.

 

Рустами С-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 29-07-2019, 14:34:43 | Диданд: 444