МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон

Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо тақозои замон

 

 

26 сентябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ, даъвати панҷум  баргузор гардид. Дар Иҷлосия  намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шарифзода Сафарбек мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуд.

Дар рӯзномаи Иҷлосия масъалаҳои рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иқтисодӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Восеъ аз ҳавзаи интихоботии №8 дида баромада шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-09-2017, 14:19:05 | Диданд: 1028