МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ!

Тавре ҳамагон медонем, чанд рӯзҳои охир ваъз дар минтақаҳои марзи Ворух ноором аст.

Ҳамватанони азиз, дӯстони гиромӣ ба мисли ҳар яки Шумо имрӯз мисли ҳар як тоҷику Тоҷикистон вобаста ба ин масъала дили ман низ ғарки хун аст, ки ҳамватанони ман, порае аз ҷони мо имрӯз дур аз мо дар азобанд.

Вале чуноне, ки дар шабакаҳои иҷтимой мехонем бисёре аз фаъолони шабакаи иҷтимой қаҳру ғазаби худро идора накарда менависанд: ки "ба Ворух равем, ҷангкунед, Шумо низ занед" вале ин ақидаҳо комилан ғалатанд. Кани зиракии сиёсӣ? Кани фикронии дурандешона? Мо ҳазорон шукр дар пеш масъалаҳо ва маъракаҳои муҳими давлатдорӣ дорем бояд сари ин масъалаҳо андешид, ки шояд гуруҳе мехоҳад аз ин фурсат дар лаҳзаҳои ҳасос истифода баранд. Ҳушёр бояд бошем, дониста бояд сухангуем ва даъват кунем. Ҳеҷ як давлати рӯй дунё, ҳеҷ як хоҷа бе манфиати худаш бароямон коре намекунанд. Пас мо бояд донем, ки баъзе шахсиятҳое, ки берун аз Ватанамон зиндагони мекунанд нотинҷии худамонро мехоҳанд то ин, ки теша ба решаи худ зананду, байни ҳамсояҳо муносибатро бад кунанд. Лек, хушбахтона сарвари оќилу маҳбуб Пешвои маҳбуби миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳолатро ба дасти худ гирифту ҳали ин масъаларо ёфт. Пас мо бояд ҳурмати якдигарро байни ҳамсояҳо донем, Ватанамонро дўст дорем ва ҳифз  намоем….

Зинда бош, эй ватан, Тоҷикистони озодӣ ман.

Солеҳов Р

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-08-2019, 12:52:20 | Диданд: 499