МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

«ҲНИ ин як гуруҳи экстремистӣ-террористӣ мебошад»

«ҲНИ  ин як гуруҳи экстремистӣ-террористӣ мебошад»

Ҷаҳони  имрўз, чуноне ба назар мерасад, хеле пуртазод аст. Терроризм чун вабои аср ороми ва зиндагии мардумонро дар ин ё он гушаи олам ноором карда  аз ҳамлаҳои хунини чунин ташналабони худ садҳо модар бе фарзанд ҳазорон зан бешавҳар ,ҳазорон  фарзанд бе бесаробон ва одамони бегуноҳ ҷон бохта шаҳрҳову давлатҳо валангор мегарданд. Мо суханони Асогузори сулҳу Вахдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар мавриди терроризм ва экстремизм хуб ба хотир дорем  сарвари давлат  иброз медоранд, Террористон дин, миллат ва давлат надоранд. ҲНИ  ин як гуруҳи экстремистӣ- террористӣ мебошад, ки гуноҳро худаш мекунаду бар души Ҳукумати азизи мо бор мекунад. Онҳо дар роҳи ҷомаи амал пушидани ақидаҳои пучу харобиовар ба амалҳое даст  мезанд, ки чунин амалҳоро ҷомеаи ҷаҳони маҳкум менамояд, Онҳо ба мафҳумҳои Ватан, модар, ҳувияти миллӣ, дину мазҳаб сарфаҳм намераванд, барои онҳо чизи муқаддас вуҷуд надорад. Маҳз чунин гуруҳи ҷавонон бо ваъдаҳои пучи мубалиғони террористон, ки гуё барояшон зиндагии шоиста муҳайё мекарда бошанд, бовар мекунанд.

         Мо мардуми Тоҷикистон шукргузори намоем, ки дар кишвари мо таррақиёт рушд мекунад. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар ҳатто ВМКБ корҳои ободонию созандагӣ ҷараён дорад. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани ВМКБ ва таъмини шароити арзанда барои ҳамватанони мо ин як дастгирии калони давлати маҳсуб меёбад. Умеду боварии калон аст, ки ин гунна дастгириҳо низ дар оянда рушд мекунад.

              

                                              Назарова Ҳамида- сокини ноҳияи Восеъ

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-08-2019, 14:38:16 | Диданд: 450