ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10211]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6212]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5974]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5063]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4415]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4384]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4368]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4355]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3998]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2425
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 65392
Сарҷамъии мо кафолати рушд ва устуворист.

Дар бештари маврид сарҷамъии мардуми мо дар роҳи ҳалли мушкилотҳои азим нақши муҳимро мебозад. Бубинед, ки иншооти бузурги аср сохтмони НБО "Роғун"-ро мутахассисони хориҷи бовар намекарданд, ки мардуми мо созаду ба истифода диҳад. Онҳо ба қудрату тавонои ин мардум бовар надошта, баҳои манфӣ медоданд. Зери ҳидоятҳои Пешвои миллат, кишвари азизи мо ба по хеста дар сохтмони ин иншооти бузург саҳмгузории худро гузоштанд. Пиру барно, миллату аққалиятҳои гуногун, ки дар хоки Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ин иншотти бузургро дастгирӣ карданд. Ба монанди ин даҳҳо амалҳое буд, ки маҳз сарҷамъии мардуми Тоҷикистон онро ҳаллу фасл карда ба манфиати кор ба анҷом расид. Баъзан ҳасудхурон аз ин кори мо дилашон танг шуда, мехоҳанд, ки дар пароканда кардани сарҷамъии мо таъсире гузоранд.
Мо Тоҷикистониён Хатлону Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду ноҳияҳои тобеи марказ дар тамоми мушкилот паҳлуи ҳамдигар истода ватани хешро обод хоҳем кард. Имрӯз корҳои ободонӣ дар ВМКБ бо ҷараён идома дорад ки мо аз ин шодем ва талабгори онем, ки ин минтақаи куҳистони мо ба як ҷойи тамошои хуби сайёҳон табдил дода шавад ва дар ин диёр ифрасохтори зарурӣ ташкил гардад. ВМКБ минтақаест, ки дар он яқ қисми аҳолии кишвари мо зиндагӣ мекунанд ва доимо зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат қарор доранд.
Хатлоншои М-сокини н.Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-08-2019, 11:43:08 | Диданд: 444