Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-6710]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5238]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-4533]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-3978]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3433]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3400]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3288]
9. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3208]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-2950]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. БОЯД МО АЗ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ХУДДОРӢ НАМОЕМ.
2. ХАТАРИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР!
3. Ифротгароӣ –яке аз падидаҳои номатлуб
4. Хаёлҳои хоми Муҳаммад Иқболи буздил
5. Хиёнат ба Ватан кирдорест нобахшиданиӣ.
8. ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
Омор
- Хабархо: 2377
- Расмхо: 39
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 45608
Изҳороти Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 16.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бархилофи созишномаҳои қаблан ба имзорасида, ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд. Сокинони маҳаллаи Баҳор ба ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони ҶҚ вокуниш нишон дода, аз онҳо даъват намуданд, ки корҳои сохтмониро қатъ намоянд.
Ҷониби қирғиз бошад хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони ҶТ маҷруҳ шуданд.
Ин амали муғризонаи сарҳадбонони ҶҚ нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.
Айни замон, намояндагони мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои муътадил сохтани вазъият, корҳои фаҳмондадеҳиро дар байни аҳолӣ бурда истодаанд.
Маркази матбуоти
Қушунҳои Сарҳадии
КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-09-2019, 18:44:00 | Диданд: 331