МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТЭТ ҲНИТ: АЗ ХОИНӢ ТО КУШТОРИ ЧЕҲРАҲОИ МАЪРУФИ МИЛЛАТ

ТЭТ ҲНИТ: АЗ ХОИНӢ ТО КУШТОРИ ЧЕҲРАҲОИ МАЪРУФИ МИЛЛАТ

         Шоми 8-уми августи соли 2017 Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанадеро дар телевизиони «Тоҷикистон» ба намоиш гузошт, ки боз ҳам парда аз руйи аъмоли хоинонаи ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ болотар бардошт. Дар воқеъ филми мазкур, аз забони террористон ва аъзоёни дастгиршудаи собиқ ТЭТ ҲНИТ хеле касбӣ ва воқеъбинона таҳия шудааст.

     Вокунишҳо ба филм гуногунанд. Аз ҷумла, баъзе ҷонибдорони ТЭТ ҲНИТ ва пуштибонони онон тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ кушиш доранд дурустии далелҳои собитшударо дар қазияи мазкур зери шубҳа  баранд.

         Аммо, ин «вокуниш»-ҳо бори дигар исбот намуд, ки роҳбарону таблиѓгарони ТЭТ ҲНИТ ҳоло ҳам дар байни ҷавонону гурезаҳои камсаводу сустирода   ба тарѓиботи идеологияи ифротӣ пардохта, қисмате аз онҳоро барои таҳсил ба ҳар гуна мактабу таълимгоҳҳои хориҷӣ бурда, ҷавононро ба «ҷиҳод» даъват менамоянд.

       Филми мазкур пурра ошкор намуд, ки ТЭТ ҲНИТ аз рўзҳои аввали фаъолияташ то эълон гардиданаш ҳамчун ташкилоти экстремистӣ-террористӣ ба куштори чеҳраҳои маъруфи миллат, аз ҷумла кушторҳои рўзноманигори шинохта Муҳиддин Олимпур, ҳуқуқшиноси шинохта Сафаралӣ Кенҷаев, раиси  ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов)-и вилояти Суѓд Бегиҷонов С., хабарнигори ОРТ В. Никулин, журналистон  Хушбахт Ҳайдаршо, Давлаталӣ Раҳмоналӣ, хизматчиёни ҳарбии Федерасияи Россия, роҳбари равияи  динии «Баҳовия» Абдуллои Муқаррабӣ (зодаи Эрону шаҳрванди Британияи Кабир), таркиши маркази масеҳии «Сонмин» даст дошта, инчунин нишондодҳои дастгиршудагон бароямон маълум шуд, ҳамаи аъзоёни ин гурўҳҳои террористӣ дар шаҳрҳои Қум, Машҳад, Ардабил, Караҷ ва Мозандарони ҶИЭ омодагии ҳарбию ҷангиро гирифтаанд.

        Чунончӣ, Назаров Қ.-полковники Вазорати корҳои дохилӣ, зимни мусоҳибаи хеш ба нашрияи «Фараж» иброз доштааст: «Ҷангиёни наҳзатиро  дар се давра (солҳои 1993 – 1994, 1994 – 1996, 1996 – 1998, дар ҳар даврае аз 80 то 100 нафарӣ) бо ихтисосҳои таблиѓотчӣ (пропагандист), муайянкунанда (установщик), назораткунанда (наблюдатель),  таҳиякунандаи воситаҳои  тарканда ва нобудкунанда (киллер) омода намудаанд. Чизи ниҳоят муҳим он аст, ки хадамоти махсуси Эрон таваҷҷуҳи хоса барои тайёр кардани истихдомчиҳо (вербовшикҳо) медод.

       Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики соддаи мусулмони суннии раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд. Аз як бандаи Худо террорист тайёр кунанд.

       Қабл аз бурдан ба марказҳои террористӣ, ба ҳар як нафар лақаби  мустаор ва асноди қалбакӣ дода мешуд, то нисбати шахсияти якдигар маълумот надошта бошанд. Баъдан онҳоро ба ҳалқаҳо ҷудо намуда, як нафарро сардори он таъин мекарданд ва тавассути ў ҳалқа идора мешуду дастуру супориш мегирифт. Баъди гузаштани давраи омодагии ҷангӣ-диверсионӣ барои иҷро намудани амалиёти тарҳрезишуда ба Тоҷикистон фиристода мешуданд даст доштаанд»

         Филми мазкур  собит сохт, ки ТЭТ ҲНИТ бо дастури хоҷагони хориҷиашон фитна, қатлу кушторро дар Тоҷикистон ташкил намуда, бо қатли чеҳраҳои маъруфи миллат чун Муҳаммад Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳими Афардӣ, рўзноманигорон Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Давлаталӣ Раҳмоналӣ ва дигарон вазъро дар дохили кишвар ноором гардонида, норизогии маҳалҳоро дар дохили кишвар ба миён оваранд.

    Боиси дастгирист, ки филми мазкур ба чор забон тарҷума гардида, имрўз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ онро миллионҳо нафар сокинони сайёра тамошо карда, ҳақиқатро дар бораи ТЭТ ҲНИТ дарк карда истодаанд.

      Филми мазур, дар дар асоси далелҳои воқеӣ бо иқрори худи қотилон на танҳо «қарта»-и ҲНИТ возеҳу равшан кушод, балки «фармоишгарон»-ро низ ошкор сохт, яъне наҳзатиён хиёнатҳои худро эътироф намуданд, ва кумакрасону пуштибони худро ошкор намуданд.

       Ин аст, ки имрўз хоҷагони хориҷии онҳо, то садое пур аз ҳақорату таҳдиду таҳқиру интиқомситониро баланд намудаанд. Аз гуфторҳои лафзии хоҷагони хориҷиашон бармеояд, ки аллакай косаи сабрашон лабрез шудааст ва бар ивази маблаѓҳои додаашон муташаниҷии вазъи сиёсиро дар минтақа талаб доранд.

        Филми мазкур, бозгўи онаст, ки  намояндагону аъзоёни ташкилоти экстремистӣ- террористии ҲНИТ аз ҷумлаи афроди авомфиреб ва тафриқаандоз буда, дар байни мардум ҳамин шуѓл доштаанду доранд, зеро онон ба рафторҳои ношоистаю ѓайриақлонӣ ва ѓайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд.

   

                                                                        Р. СОЛЕҲЗОДА

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 12-12-2017, 13:54:08 | Диданд: 1338