МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Обод мекунем ҳамаи гушаву канори мамлакати азизамонро!

Обод мекунем ҳамаи гушаву канори мамлакати азизамонро!

Мардуми миёнасоли Тоҷикистон нағз дар хотир доранд, ки замоне буд, ки мо имконияти сайру гашт аз як ноҳия ба ноҳияи дигарро надоштем. Ва дар қисмати шаб гашту гузор дар зодгоҳи худ имконият набуд. Зеро натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ мардумро зери тарсу ҳаррос қарор дода буд. Баъди гузашти солҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешенамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила камбудиву норасоиҳо аз миён рафтанд. Бо мақсади рушди соҳаҳои гуногун давлати Тоҷикистон имтиёз ва шароитҳо фароҳам овард.

              Дар кишвари мо дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор имкони сафар кардан ба воситаи нақлиёт ба дигар шаҳру навоҳӣ набуд. Имрӯз бо бунёд шудани роҳҳои ҳамвору дорои нақбдор имконияти сафар ба тамоми вилоятҳо аз ҷумла ВМКБ шароит муҳайё  гардидааст.Дар бештари маврид сарҷамъии мардуми мо дар роҳи ҳалли мушкилотҳои азим нақши муҳимро мебозад. Бубинед, ки иншооти бузурги аср сохтмони НБО "Роғун"-ро мутахассисони хориҷи бовар намекарданд, ки мардуми мо созаду ба истифода диҳад. Онҳо ба қудрату тавонои ин мардум бовар надошта, баҳои манфӣ медоданд. Зери ҳидоятҳои Пешвои миллат, кишвари азизи мо ба по хеста дар сохтмони ин иншооти бузург саҳмгузории худро гузоштанд. Пиру барно, миллату аққалиятҳои гуногун, ки дар хоки Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ин иншотти бузургро дастгирӣ карданд. Ба монанди ин даҳҳо амалҳое буд, ки маҳз сарҷамъии мардуми Тоҷикистон онро ҳаллу фасл карда ба манфиати кор ба анҷом расид. Баъзан ҳасудхурон аз ин кори мо дилашон танг шуда, мехоҳанд, ки дар пароканда кардани сарҷамъии мо таъсире гузоранд. 

Дар замони соҳибистиқлоли дар ВМКБ тамоми шароитҳо фароҳам гардид. Имрӯзҳо ВМКБ ба як минтақаи сайругашти сайёҳон табдил ёфтааст. Ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон доимо таҳти таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мо бояд шаҳрвандони Тоҷикистон шукргузор бошему ҳар як гӯшаи ватанамонро обод кунем.  

Хатлоншои М-сокини н.Восеъ 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-09-2019, 11:58:18 | Диданд: 382